Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нерӯи Сухан"-ро боз боздоштанд


Мухтор Боқизода, сардабир ва муассиси ҳафтаномаи мустақили «Нерӯи Сухан», чопи Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, мақомоти андози ҷумҳурӣ аз нашри шумораи навбатии «Нерӯи Сухан» ҷилавгирӣ кард. Ба қавли Мухтор Боқизода, норӯшанӣ дар мавқеи Кумитаи андоз ва бахши умури дохилаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт боиси дуввумбора баста шудани чопхонаи «Кайҳон», ки дар он «Нерӯи Сухан» ба нашр мерасад, шудааст.
Пас аз аз танаффуси ҳафтмоҳа дар ҳафтаи гузашта, ҳафтуми июл шумораи «Нерӯи Сухан» ба дасти алоқамандонаш расида буд. Замоне, ки бо Мухтор Боқизода, сардабири «Нерӯи Сухан» тамоси телефонӣ доштам, вай дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт буд ва гуфт, феълан, дар сӯҳбати корманди пулиси ҳамин ноҳия масоили марбут ба баста шудани «Нерӯи Сухан»-ро баррасӣ дорад. Ва аз шарҳи бештар аз ин худдорӣ кард.


Дар ҳамин ҳол, сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе бо пахши як пресс - релиз аз баста шудани нашри «Нерӯи Сухан», ки мебоист, 14 июл чоп мешуд, хабар додааст. Намояндаи ин сафорат, Ҷеннифер Ватславски дар робита ба ин баёнияи матбуотӣ гуфт, «Намояндаи Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ҷаноби Миникес дар як баёния дар робита ба чопи дуввумбораи «Нерӯи Сухан» дар ҳафтаи гузашта гуфтааст, Амрико чопи дуввумбораи «Нерӯи Сухан»-ро шодбош мегӯяд. Ва махсусан табрик ба Мухтор Боқизода, ки сарфи назар аз фишори мақомоти давлатӣ бо қатъияти худ дар нашри дуввумбораи «Нерӯи Сухан» муваффақ шуд. Ин баёния дар ҳоле интишор шуд, ки сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз баста шудани шумораи навбатии «Нерӯи Сухан» рӯзи панҷшанбе огоҳ шуд. Ва аз чунин рафтор ба матбуот изҳори ташвиш мекунад».



Масъулони Кумитаи давлатии андози ҷумҳурӣ ҳозир нашуданд, ба суолҳои мо дар робита ба баста шудани «Нерӯи Сухан» посух диҳанд. Нахустин шумораи ин ҳафтанома дар моҳи январи соли 2003 чоп шуда буд ва дар моҳи январи соли 2005 мақомоти андози ҷумҳурӣ бо иттиҳоми ин ки теъдоди чопи ҳафтанома бо тиражи аслии нашри он мувофиқат намекунад, "Нерӯи Сухан"-ро аз нашр боздошт.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG