Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хомӯшии Амрико дар мавриди изҳороти ахири Қурмонбек Боқиев


Амрико ба изҳороти ахири кафили раёсатҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар бораи замони хуруҷи нирӯҳо ва пойгоҳҳои низомии Амрико аз Қирғизистон вокунише ҳанӯз нишон надодааст. Том Кейси, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, ки дар Вошингтон бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, бо тавсиф ва таҳсини ҳамкории Қирғизистон ҷиҳтаи мусоидат ба фаъолиятҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон иктифо карда, аз ибрози ҳар навъ вокуниши Вошингтон ба изҳороти ахири оқои Боқиев худдорӣ варзидааст. Оқои Кейси гуфта, ки мавзеъи расмии Амрикоро дар бораи ҳузури низомии ин кишвар дар Осиёи Марказӣ бояд аз мақомоти Пентагон, вазорати дифоъи Амрико суол кард.

Қурмонбек Боқиев, кафили раёсатҷумҳурии Қирғизистон рӯзи душанбе, 11 июл, дар нахустин нишасти хабарие, ки ба думболи эълони хабари пирӯзиаш дар интихоботи президентии рӯзи 10 июл барпо кард, гуфт, оддӣ шудани авзоъ дар Афғонистон боз ҳам масъалаи идомаи ҳузури низомии Амрико дар кишвари ӯро матраҳ мекунад. Ин изҳороти Қурмонбек Боқиев дар пайи эъломияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аст, ки дар ҳафтаи гузашта аз Вошингтон даъват кард, замони ниҳоии хуруҷи нирӯҳо ва пойгоҳҳои низоиаш аз кишварҳои узви ин созмонро маълум кунад.

Амрико аз авохири соли 2001 ба хотири мусоидат ба амалиётҳои низомии эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дар Хонободи Узбакистон ва дар атрофи фурӯдгоҳи Манас дар пойтахти Қирғизистон, шаҳри Бишкек ду пойгоҳи низомӣ таъсис додааст.
XS
SM
MD
LG