Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон


Бино бар иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, дар натиҷаи обхезӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон як сокини ин ноҳия ҷони худро аз даст додааст ва сиву се манзили зист хароб гаштааст. Ҷамила Тиллоева, масъули дафтари матбуоти ин вазорат мегӯяд, то ҳанӯз хавфи расидани зарари бештар ба аҳолии минтақа вуҷуд дорад."Аз ҷамоати Дашти гулҳо 180 оила ва аз ҷамоати деҳоти Калинин 110 хонавода ба маҳалли бехавф кӯчонида шуданд. Яъне ки онҳо аз наздикии соҳили дарё дуртар бурда шуданд"
Ҷамила Тилоева, корманди Вазорати умури изтирории кишвар мегӯяд, то ҳамин шаб ба кӯчонидани аҳолии деҳоти мазкур ба мавзеъҳои бехавф эҳтиёҷ набуд. Вале ба қавли ӯ, вазъият то ҳадде муташанниҷ шудааст, ки шаби гузашта дар раъси худи вазир Мирзо Зиёев, як ҳайати наҷотбахшони вазорат ба ноҳияи Ҳамадонӣ сафар кардаанд. Сокинони маҳаллӣ бар асари офоти табиӣ аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум гардиданд. Айни ҳол гурӯҳи наҷотбахшон ҷиҳати барқарор намудани хати баландшиддати барқ ба самти Фархор, ҷануби Тоҷикистон сафарбар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар бораи тахриб шудани ианозил дар се рустои Сурхоб, Чӯбот ва Зарангбоши ҷамоати Хурмӣ дар асари болоравии сатҳи оби дарёи Зарафшон гузориш мешавад. Дар маҷмӯъ, 387 хонаводаи сокини ин се русто, иборат аз тақрибан 2 000 нафар, аз сарпаноҳ маҳрум монда, ба кӯмаки оҷил ниёз доштаанд. Обхезиҳо дар ин ноҳия 85 гектар замини кишт, се гектар мамнӯъгоҳ, хати барқ ва роҳҳоро шуста бурдааст. Бино бар иттилоъи ситоди ҳолатҳои изтирорӣ дар Панҷакент, хисорот аз офатҳои табии як моҳи ахир дар ин ноҳия беш аз ҳаштуним миллион сомониро ташкил додааст. Турсунбой Бобоев, раиси воҳиди кишоварзии "Аҳмад Бобоқулов" дар Панҷакент ба радиои Озодӣ гуфт, таҳдиди баландшавии оби рӯди Зарафшон ҳар лаҳза дар афзоиш аст ва сад хонавода, ки дар соҳили ин рӯд ба сар мебаранд, бояд дар навбати аввал кӯчонида шаванд.То имрӯз, аллакай бист хонавода аз мавозеъи хатар ба маҳалли амн кӯчонида шудаанд.


Бино ба хабари дигар, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хотири кӯмак ба иншооти иҷтимоии дар асари офоти ахири табиӣ зарардидаи ноҳияи Панҷакент наздик ба 1 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. 800 000 сомонӣ аз ин маблағ сарфи бунёди мактаби нав дар минтақаи Саразм хоҳад шуд. Дар ин минтақа сохтмони манзили нав барои сокинони бесарпаноҳмондаи ҷамоати Шинг дар назар гирифта шудааст.


Дар ҳамин ҳол, вазорати ҳолатҳои изтирорӣ аз фуруд омадани ярч дар ҷодаҳои мошингарди водии Рашт низ ҳушдор медиҳад: "Дар километри 110 ва 111-уми шоҳроҳи Кабудҷар ярч фуромада истодааст ва онро бартараф карда истодаанд, вале мошинҳои боркаше, ки дар ин самт ҳаракат мекунанд, аз меъёри муқарраркардаи давлатӣ зиёд борашонро мегиранд ва бо ин ба лағжиши ярч бештар мусоидат мекунанд"
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе ва Шоҳини Равшан, Панҷакент
XS
SM
MD
LG