Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурмонбек Боқиев дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон пирӯз шуд


Пас аз шумориши наваду панҷ дарсади раъйҳо комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон гуфт, дар интихоботи президентии ин кишвар Қурмонбек Боқиев бо касби тақрибан 89 дарсади овозҳо пирӯзӣ ба даст овард. Ҳадди аксари раъйҳои ҳарифони ӯ аз 1 то каме бештар аз 3 дарсад будааст. Қурмонбек Боқиев 56 сол дошта аз соли 2000 то 2002 ба ҳайси сарвазири ҳукумати Аскар Оқоев кор карда ва баъдан ба мухолифин пайваст. Дар пайи интихоботи порлумонии феврали соли ҷорӣ ва ҳамлаи эътирозгарон ба кохи раёсатҷумҳурӣ Аскар Оқоев кишварро тарк гуфта, ба Маскав паноҳ бурд ва Боқиев аз 25-уми марти соли равон вазифаи президенти Қирғизистонро иҷро мекард. Дар интихоботи президентии даҳуми июл номзади рақами як маҳсуб мегардид.


Баъд аз овоздиҳӣ, Боқиев дар мулоқот бо хабарнигорон гуфт, ин аввалин интихоботи озоди Қирғизистон буд, дар ҳамаи солҳои истиқлолият. Аммо бархе аз ширкаткунандагони интихобот гуфтанд, ҳамаи кӯшишҳо ба пирӯзии як нафар равона шуда буд ва номзадҳои ҷиддии алтернативие вуҷуд надоштанд, ки мардум раҳбари нави кишварро аз миёни онҳо интихоб намояд. Онҳо Боқиевро собиқ амалдори замони коммунистӣ ва сарвазири давраи Аскар Оқоев номида, изҳори шубҳа карданд, ки ин интихобот дигаргуниеро дар зиндагияшон ба миён орад. Вале таҳлилгарон мегӯянд, аксари қирғизҳо умедворанд, ки интихоботи рӯзи якшанбе ба моҳҳои номуайянӣ дар кишварашон хотима хоҳад гузошт. Бино ба қавли комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон, беш аз ҳафтод дар сади дорандаҳои ҳаққи райъ ба назди қуттиҳои овоздиҳӣ барои интихоби президенти худ омадаанд. Барои курсии президентӣ шаш нафар рақобат мекарданд.
XS
SM
MD
LG