Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нерӯи Сухан" дубора ба дасти хонандагонаш расид


Баъд аз таваққуфи қариб нимсола шумораи навбатии ҳафтаномаи мустақили сиёсиву иҷтимоии «Нерӯи Сухан» нашр шуд. Мухтор Боқизода, муассис ва сардабири ин ҳафтанома ба саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, нашри дубораи «Нерӯи Сухан» бо бардоштани мӯҳр аз дари чопхонаи «Кайҳон» аз ҷониби маъмурони пулиси молиёт имконпазир гашт. «Кайҳон» танҳо чопхонае буд, ки нашрияи «Нерӯи Сухан»-ро нашр мекард ва ин чопхона низ ба сардабири нашрия Мухтор Боқизода тааллуқ доштааст. Мухтор Боқизода гуфт, ҷурмҳое, ки қаблан далели боздошти фаъолияти чопхонаи «Кайҳон» ва нашрияи «Нерӯи Сухан» гашта буд, тасдиқи худро наёфтааст. Аммо дар мавриди тӯл кашидани иҷозаи нашри дубораи ҳафтанома, Мухтор Боқизода гуфт, "Ин муаммо то ба имрӯз барои худи ман низ маълум нест. Агар ман худам пофишорӣ намекардам ва аз паси ин кор намедавидам, шояд ин то ба як солу ду сол тӯл мекашид."


Дар охири моҳи январи соли ҷорӣ маъмурони пулиси молиёт фаъолияти чопхонаи «Кайҳон» ва нашри нотамоми ҳамон шумораи «Нерӯи Сухан»-ро, ки дар ин чопхона ба табъ мерасид, боздоштанд. Маъмурин он замон, бидуни қарордод ва иҷозати расмӣ дар ин чопхона нашр шудани "Нерӯи Сухан" ва аз пардохти молиёт сар печидани кормандони онро далели аслии иқдоми худ бар зидди нашрия хонда буданд. Он бори саввум буд, ки «Нерӯи Сухан» ҳадафи таъқиби мақомоти полиси молиёт қарор мегирифт. Ҳангоми боздошти фаъолияти чопхона ва нашрия худи Мухтор Боқизода дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дошт.

Ва аммо дар шумораи тозанашри «Нерӯи Сухан» матолибе аз қабили «Интизорӣ бадтар аз марг буд», «Демократия ва мафкураи ғуломӣ», «Камбудиҳо ислоҳ мехоҳанд», «Убайдуллоев ба кӣ «панҷ» ва ба кӣ «ду» монд?», «Овораҳои бепул» ва маводи дигар ба табъ расидааст.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG