Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон аз Русия бо чаҳор медал баргашт


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз нахустин Бозиҳои байналмилалии варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик, ки дар Русия баргузор шуд, бо чаҳор медал баргашт. Сарахон Эмомов, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, варзишгарони ҷавони тоҷик дар рақобатҳои гуштии самбо се медал ва дар риштаи варзиши сабук як медал ба даст оварданд. Гуштигирон Алишер Азимов дар вазни 100 кило соҳиби медали нуқра, Сӯҳроб Раҳимов дар вазни 68 кило ва Санҷар Сарфарозов дар вазни 74 кило соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Сотиболдӣ Ҳаитов дар давидан ба масофаи 5 километр муваффақ ба дарёфти медали биринҷӣ гардид. Сарахон Эмомов афзуд: «Ба ин тартиб дастаи мунтахаби Тоҷикистон,ки дар ин бозиҳо бо ҳайати 40 нафар дар панҷ риштаи варзиш-гуштии самбо, озод, дзюдо, тенниси рӯи миз ва варзиши сабук ширкат дошт,байни кишварҳои ширкаткунандаи бозиҳо мақоми 12-умро касб кард.»

Аввалин Бозиҳои байналмилалии варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик, ки бо ширкати наздики се ҳазор варзишгари 17 кишвари ҷаҳон дар 10 шаҳри вилояти Маскав ва шаҳри Тула ба муддати се ҳафта идома кард, бо пирӯзии дастаи мунтахаби Русия ба поён расид. Мизбонон дар рақобатҳо дар 13 риштаи варзиш ҳамагӣ 365 медал, аз ҷумла 232 медали тилло ба даст оварданд.Д астаи мунтахаби Украина бо 202 медал, аз ҷумла 34 медали тилло мақоми дуввумро касб кард. Тими мунтахаби Чин бо 65 медал, аз ҷумла 21 медали тилло мақоми севвумро ишғол намуд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG