Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлоси навбатии кумисиюни ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия


Ҳаштумин нишасти кумисиюни байнилавлатии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Pусияву Tоҷикистон бо имзои як созишнома дар мавриди безараргардонии маводи сӯхти рокетӣ ба поён расид. Созишномаи мазкур дар пайи анҷоми кори кумисиюн пас аз зӯҳри 28 июн дар Душанбе тавассути Сергей Шойгу, вазири умури изтирорӣ ва раҳбари ҳайъати Русия ва Зайд Саидов, вазири саноати Тоҷикистон ба имзо расид.

Сергей Шойгу тавофуқи ҳосила дар мавриди амнсозии маводи сӯхти мушакиро дастоварди муҳими ҳаштумин нишасти кумисиюни иқтисодии Русияву Тоҷикистон номид ва гуфт: «Масъалаи безараргардонии маводи сухти барои мушакҳо пешбинӣ шуда ҳудуди як даҳсола аст, ки дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт ва акнун бо ба имзо расидани қарордоди мушаххас дар ин замина метавон гуфт, ки масъала роҳи ҳал пайдо мекунад. Бар асоси қарордоди баимзорасида, Русия дар амри безаргардонии маводи сӯхти мавҷуд дар Тоҷикистон ба ин кишвар мустақиман кӯмак мерасонад. Қарордоди имзошуда заминаи мусоиди амниятиро ҳам барои Русия ва ҳам барои Тоҷикистон фароҳам меорад»

Ширкатдорони ҳаштумин нишасти кумисиюни иқтисодии байнидавлатии Русияву Тоҷикистон бо қабули чанд протокол ба тақвияти равобити тарафайн ва аз байн бурдани мушкилоти мавҷуд дар ин замина таъкид намуданд. Аз ҷумла, бар асоси як протокол пешбинӣ мешавад, ки то соли 2006 масъалаи ифтитоҳи хатти сайри қатори Душанбе - Маскав ва Душанбе - Новосибирск ҳал шавад. Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ин робита гуфт: "Мо ба тавофуқ расидем, ки дар ҳамоҳангӣ бо идороти роҳи оҳани Тоҷикистон ва Русия то як соли дигар ин масъаларо пурра ҳал намоем."

Ҷониби Русияву Тоҷикистон ҳамчунин бар асоси тавофуқоти ҳосила, самтҳои равобити тарафайнро дар заминаҳои илмиву омӯзишӣ миёни ду кишвар мушахас намуданд. Тарафҳо ҳамчунин рӯи масоили рушди муносиботи иқтисодӣ, табодули мол ва вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия табодули назар намуданд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG