Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба 5 солу 10 моҳи зиндон маҳкум шудани Рустам Файзиев


Додгоҳи Олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ҷиноии Рустам Файзиев - муовини раиси ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиётро ба поён бурда ва ӯро ба барои панҷ солу даҳ моҳ равонаи зиндон кардааст. Мақомоти тафтишотии кишвар Рустам Файзиевро тибқи ду моддаи қонуни ҷиноии Тоҷикистон - барои таҳқири шахсияти раисиҷумҳур ва барангехтани адовати миллӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ муттаҳам карда буд.

Нор Нуров - додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки баррасии ин парвандаро анҷом додааст, рӯзи 28 июн дар як нишасти хабарӣ эълом дошт, Рустам Файзиев - муовини раиси ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёт, дар номае, ки унвонии созмонҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла додгоҳи байналмилалии Ҳейг омода кардааст, Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури кишварро ба наслкушӣ ва ҷинояткорӣ муттаҳам карда ва хостори ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашондани ӯ шудааст.

Аммо Султон Қувватов - раиси ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёт, ҳукми Додгоҳи Олӣ нисбат ба Рустам Файзиевро ғайриодилона ва парвандаи ӯро сиёсӣ арзёбӣ кард. Оқои Қувватов гуфт, додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил нестанд ва ҳар он чӣ ки раисиҷумҳур мехоҳад, онро дар либоси қонун ҷилва медиҳанд. Ба эътиқоди Султон Қувватов, таҳқиқи пӯшидаи парвандаи ҷиноии Рустам Файзиев ва нафарони дигаре ҳамчун Ёқуб Салимов - вазири пешини умури дохила, Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гувоҳ будааст, ки мақомот намехоҳанд, то ҷомиа аз чигунагии ҷараёноти баргузории ҷаласоти додгоҳӣ ва бидуни далоили кофӣ маҳкум шудани ин афрод огаҳ бишавад.

Рустам Файзиев дар моҳи августи соли гузашта дар ноҳияи Истаравшан, воқеъ дар шимоли кишвар, тавассути ходимони амниятӣ боздошт ва сипас ба Душанбе мунтақил шуд. Тафтиши парвандаи ҷиноии Рустам Файзиев тавассути вазорати амнияти кишвар сурат гирифта буд.

Ба иттилоъи Нор Нуров - додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ба муҷарради хуб шудани вазъи саломати Султон Қувватов - раҳбари ҳизби Тараққиёт, ӯ низ бо иттиҳомоти мушобеҳ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Дар ҳамин ҳол, Султон Қувватов гуфт, ҳарчанд ба ҳукми додгоҳ комилан розӣ нест, аммо ба додгоҳи сатҳи болотар шикоят нахоҳанд бурд. Зеро, мегӯяд ӯ, ба ин далел, ки дар Тоҷикистон додгоҳ мустақил нест, ӯ итминон надорад, ки коре бар нафъи маҳкумшуда анҷом шавад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG