Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди обхезӣ ба Бадахшон


Дамидани оби дарёҳо ва рӯдхонаҳо бар асари якбора гарм шудани ҳарорати хаво дар Бадахшон вазъи фавқуллодаеро ба вуҷуд овардааст. Бино ба гуфтаи масъулини маркази обуҳавосанҷии вилоят, чунин болоравии сатҳи оби дарё ва рӯдхонаҳо дар минтақа аз соли 1958 ба ин сӯ ба мушоҳида нарасидааст.

Ситоди ҳолоти фавқуллодаи вилояти Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки бар асари обхезӣ зиёда аз 100 гектар замини корам зери об монда, селоб ба даруни 20 манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Ишкошим роҳ ёфтааст. Ҳамчунин 80 хонавода дар ин ноҳия ба ҷойҳои бехатар кӯчонда шуда, ба иллати дамидани оби рӯдхонаҳои кӯҳӣ, ки аз байни маҳалҳои аҳолинишин убур мекунанд, хатари зери селоб мондан ба хонаводаҳо дар деҳоти Барчид, Бунӣ ва Сохчарви ноҳияи Шуғнон таҳдид дорад. Поин шудани селоб дар ноҳияи Ванҷ боиси харобии замини кишт гардида, эҳтимоли басташавии роҳи нақлиётии Душанбе - Хоруғро пеш овардааст.

Сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Султонназар Холиқназаров гуфт, обхезӣ душвориҳои зиёдро пеш овардааст, аммо сокинон дар роҳи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ ширкати фаъол доранд. Дар кулли нуқоти хатар навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст. Иттилоъ мерасад, ки болоравии сатҳи оби Друмкӯл, воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа ва Трумтайкули Мурғоб низ мушоҳада мешавад.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG