Дар остонаи 8 - умин солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон «Наҷот», нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бештари матолиби худро ба мавзӯи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар ин кишвар бахшидааст. Аз ҷумла, дар ин робита ҳафтаномаи мазкур таҳти унвони «Номуси миллӣ ҳимоятгари сулҳ» паёми табрикии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нуриро ба нашр расонидааст. Дар ин нома, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдовар шудааст, ки аз нигоҳи сиёсӣ мақсади асосии мухолифин аз тавофуқи сулҳ пеш аз ҳама бунёди як ҷомеаи озод дар Тоҷикистон ва таъмини ҳуқуқи мардум ба озодиҳои демократӣ дар ин кишвар будааст.
Ҳамин нашрия дар матлаби дигар ба мавзӯи дурнамои сулҳи тоҷикон пардохта менависад, набуди равандҳои демократӣ дар ҳоли ҳозир ягона таҳдиди эҳтимолии ҷиддӣ дар баробари амният ва истиқрори бебозгашти сулҳ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бино ба таъкиди нашрияи мазкур, ҳаводиси ахири Қирғизистон ва вилояти Андиҷони Узбакистон ин воқеиятро бори дигар ба намоиш гузоштааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, хулоса намудааст «Наҷот», Тоҷикистон дар самти демократисозии ҷомеа бояд гомҳои устувортар бардорад.
«Азия плюс» низ бо нашри аксҳои Эмомалӣ Раҳмонов ва собиқ раҳбари мухолифини тоҷик Сайид Абдулоҳи Нурӣ аз рӯзи ба имзорасии Созишнома сулҳи тоҷикон ёдовар шуда дар ин робита назари бархе аз шаҳрвандони кишварро ба чоп расонидааст.
«Вечерний Душанбе» хабар додааст, гурӯҳе аз марзбонони тоҷик барои аввалин бор дар як размоиши низомӣ ки қарор аст, дар Иёлати Вирҷинияи Амрико доир гардад, ширкат меварзанд.Нашрия афзудааст, размоиши мазкур дар доираи барномаи вижаи НАТО мавсум ба тарҳи ҳамкорӣ ба хотири сулҳ баргузор мегардад ва интизор меравад, дар он ҳамчунин намояндагони ҷамоҳири Қирғизистон, Қазоқистон ва Покистону Амрико ширкат намоянд.
«Ҷумҳурият» бо ишора ба шурӯъи сохтмони пули Панҷи поён - Бандари Шерхон аз қавли раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ намудааст, ки ин пул сароғози ҳамкориҳои васеъи иқтисодӣ миёни Амрико ва Тоҷикистон мегардад. «Ҷумҳурият» ҳамчунин, дар ин робита номаи Ҷорҷ Буш, президенти Амрикоро унвонии Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон мунташир кардааст.