Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии ҳунармандони бадахшӣ ба сафари Қошғар


Як гурӯҳи ҳунармандони Бадахшон барои сафари ҳунарӣ ба ноҳияи тоҷикнишини вилояти Қошғари Чин омодагӣ мегирад. Душанбе Паллаев, Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон ва раҳбари ин гурӯҳ гуфт, ин сафари ҳунарӣ дар чаҳорчӯби барномаҳои табодули фарҳангӣ байни вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Қошғари Чин сурат мегирад. Ӯ афзуд: "Барномае, ки мо пешкаши тоҷикони Чин хоҳем гардонд, аз намоиши суннатҳои қадимаи Наврӯзӣ ва рақсу таронаҳои мардумӣ иборат аст".

Рӯзи сешанбеи ин ҳафта як ҳайъати давлатии Тоҷикистон аз шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти бадахшон озими Қошғари Чин шуд. Ҳадаф аз сафари ин ҳайъат имзои қарордод дар бораи ҳамкориҳои тиҷоративу фарҳангӣ байни вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Қошғар будааст. Гуфта мешавад, имзои ин қарордод заминаи ҳуқуқиро барои густариши равобит байни Қошғару Бадахшон таъмин ва роҳро барои табодулоти бештари фарҳангӣ байни тоҷикони Бадахшону Чин ҳамвор хоҳад кард.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG