Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Ҷумъа Толибов ба додгоҳ ирсол шуд


Додситонии вилояти Суғд парвандаи Ҷумъа Толибовро ба додгоҳи ҳамин вилоят ирсол кард.Саъбагул Қурбонова, раиси дафтари маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, айбномаи Додситонии вилояти Суғд дар мавриди Ҷумъа Толибов бори дигар нишон медиҳад, ки сабаби ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯ аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ, таъқиб набуда, балки Толибов барои монеъ шудан ба тафтишот, фишор овардан ба шоҳидон ва барои ба пурсиши муфаттишон ҳозир нашуданаш дар боздошт аст.
Марат Мамадшоев, яке аз журналистоне, ки барои шиносоии бештар бо қазия ба ноҳияи Айнӣ сафар карда буд, гуфт, пас аз он ки иттиҳомоти додситонӣ марбут ба фаъолияти рӯзноманигории ҷаноби Толибов тасдиқ нашуданд, акнун додситонӣ айбномаро дигар эълон кардааст. Аз ҷумла, ҷурми дигар ин аст, ки ҳамсари ӯ - Санавбар Толибова дар мақоми сарвари як таълимгоҳ дар ноҳияи Айнӣ фаъолият намуда, дар ҳудуди мактаби номбурда шаҳрванд П. Нарзиеваро таҳқир карда ва шаъну эътиборашро паст задааст. Вале Ҷумъа Толибов ба кормандони мақомоти интизомӣ дар санҷиши аризаи шикоятии Нарзиева дахолат карда нагузоштааст, тафтишотро дар бинои дабиристон гузаронанд. Ба қавли Мамадшоев, раиси ҳукумати ноҳияи Айнӣ Мавҷуда Бобоева ба онҳо гуфтааст, шикояти ҷаноби Толибов, корманди масъули ҳукумати маҳаллӣ, дар мавриди ин ки додситони ноҳия ӯро дар утоқи корияш мавриди латукӯб қарор додааст, умуман баррасӣ нагардид. Аммо раиси дафтари матбуоти Додситонии кулл, ин иддаоро бепоя хонд. Ӯ гуфт, аз рӯйи шикояти Толибов нисбати додситони ноҳияи Айнӣ Собит Аъзамов, Додситонии кулли Тоҷикистон санҷиши махсуси хизматӣ доир кард, вале шикояти ҷаноби Толибов собит нашуд.
Толибов тибқи панҷ моддаи Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла сӯйистифода аз мансаби давлатӣ, авбошӣ ва дахолат ба кори мақомоти интизомӣ айбдор мешавад.
Носирҷони Маъмурзода
XS
SM
MD
LG