Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи маҳбусони Тоҷикистон намояндагони байналмилалиро ба ин кишвар овард


Роҳандозии як барномаи байналмилалие бо номи «Таҳкими хадамоти сохторҳои ислоҳотӣ ва муҷозоти алтернативӣ» дар Тоҷикистон ҳадафи аслии сафари як ҳайати намояндагии иттиҳодияи байналмилалии ислоҳоти маҳбасҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба Душанбе будааст. Вера Ткаченко, раҳбари ин ҳайат гуфт, дар вохӯрӣ бо вазири адлияи Тоҷикистон таъкид ба татбиқи қавонине шудааст, ки дар роҳи коҳиши теъдоди маҳбусон дар муасисаҳои ислоҳотӣ мусоидат намоянд. Вера Ткаченко гуфт, вазъи муасисаҳои ислоҳотӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст ва ислоҳоти ҷиддиро тақозо дорад. Вай мегӯяд, бо сабаби афзоши теъдоди маҳбусон дар зиндонҳо бемориҳои сироятии сил ва ВИЧ - СПИД дар миёни маҳбусон зиёд шудааст ва танҳо дар сурати беҳбудсозии шароити маҳбусон ва озод кардани зиндониёне ки бо ҷиноятҳои на он қадар шадид ба зиндон кашида шудаанд, метавон ин мушкилотро аз миён бурд. Дар шароити ногувор ва бидуни имконоти лозима нигоҳ доштани зиндониён, ин худ нақзи ҳукуқи башар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори раёсати корҳои ислоҳии Тоҷикистон дар ин робита ба радиои Озодӣ гуфт, воқеан, ин соҳа ислоҳоти ҷиддиро талаб мекунад ва роҳандозии чунин як барномаи байналмилалӣ талаби замон буда, татбиқи он Тоҷикистонро боз ҳам ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздиктар месозад.
Бино ба маълумоти раёсати корҳои ислоҳии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, дар зиндонҳои кишвар ҳудуди 10 000 маҳбус нигоҳ дошта мешавад, ки аз ин миён ҳудудан 400 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG