Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон замин ларзид


Соати тақрибан ҳафтуними субҳи бистуми май Тоҷикистонро як заминларза такон дод. Тибқи маълумоти маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминларза 305 - километрии ҷанубу шарқи Душанбе, як минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон будааст. Шиддати заминларза дар марказаш ба 5 дараҷаи ҷадвали Рихтер ва дар шаҳри Душанбе ба 2 - 3 дараҷа баробар будааст. Бар асоси иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории кишвар, дар асари ин заминларза дар ҳудуди Тоҷикистон талафоти моливу ҷоние рух надодааст.
XS
SM
MD
LG