Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мумкин аст ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардад


Раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури байнулмилал Константин Косачев дар сӯҳбат бо хабаргузории Интерфакс гуфтааст, агар марзбонони тоҷик дар ҳифзи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон нотавонӣ нишон диҳанд, нирӯҳои марзбони Русия аз нав назорати сарҳадро ба даст хоҳанд гирифт. Косачев, ки аз аъзои бонуфузи порлумони Русия аст, мегӯяд, ин нотавонӣ пеш аз ҳама дар муқовимат ба қочоқи маводи мухаддир маълум хоҳад шуд. "Агар мо бинем, ки мавҷи маводи мухаддир ба воситаи ин марз рӯ ба афзоиш дорад, агар бинем, ки марзбонони тоҷик қодир ба пешгирӣ аз он нестанд, мо масъалаи бозгардони марзро таҳти назорати муштарак ба миён хоҳем гузошт." Суханони Косачев дар ҳоле садо медиҳанд, ки ҳафтае пеш назорати марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон пурра ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузашт. Пеш аз ин, дар давраи Русияи подшоҳӣ ва сипас шӯравӣ назорати ин марз дар дасти марзбонони рус буд.
XS
SM
MD
LG