Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамойиши намояндагони бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ


Дар даҳ соли ахир беш аз 125 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба миқдори 50 миллион сомонӣ аз бонкҳои кишвар вомҳои кӯчак дарёфт кардаанд. Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи ҳамойиши байналмилалии таҳти унвони «Мушкилот ва рушди низоми бонкдорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» сӯҳбат мекард, бо эьлони ин омор ҳамчунин гуфт, барои рушди иқтисодиёти кишвар ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ зарур аст.
Эмомалӣ Раҳмонов таваҷҷӯҳи ширкатдорони ҳамойиш ва бахусус Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушдро барои омӯзиши тарҳи ҳукумат дар мавриди бунёди обанбори Даштиҷум ва дар ин замина сохтмони истгоҳи барқи обӣ ҷалб кард. Ба эътиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, иҷрои ин тарҳ барои куллия кишварҳои минтақа ва бавижа барои рушди иқтисодиёти Афғонистони ҳамсоя муфид хоҳад буд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон коҳиши сатҳи камбизоатӣ, кӯмак ба бахши хусусӣ, тиҷорати хурду миёна ва ихтисоси воми кӯчак ба соҳаи кишоварзиро аз вазоифи муҳими давлат дар марҳалаи кунунӣ арзёбӣ карда ва нақши бонкҳоро дар пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ боаҳамият хонд.
Дар ҳамоийши байналмилалии дурӯзаи масъулини бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе Жан Лемйер - раиси Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд, ширкат дошт ва созишнома дар мавриди ду тарҳи нави кӯмаки пулӣ ба бонкҳои Тоҷикистонро ба маблаги 2 миллион доллар ба имзо расонд. Қарор аст, ин маблағ ба шакли воми кӯчак дар ихтиёри шаҳрвандони ин кишвар гузошта шавад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG