Вазорати амнияти Тоҷикистон дар робита ба таркиши рӯзи 13 июн дар маркази пойтахти ин кишвар шаҳри Душанбе бо қазияи "терроризм" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рӯзи душанбе дар натиҷаи таркиш дар назди вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон таркише ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа чаҳор нафар захмҳои сабук бардоштанд ва бинои вазорат, Бонки Амонатгузории Тоҷикистон ва чаҳор мошин осеб диданд.
Бино ба иттилоъи вазорати амният, шахси номаълуме маводи таркандаро дар ароба гузошта ва баъдан онро аз дур ба ҳаракат даровардааст. Соҳиби ароба, яке аз сокинони Душанбе боздошт ва бозпурсӣ мешавад. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Ҳумдин Шарипов рӯзи гузашта дар саҳнаи ҳодиса гуфт, эҳтимолан ин амали террористӣ аст, чун 31 январи соли равон низ маҳз дар ҳамин маҳал таркише рух дода, сабаби марги як нафар шуда буд. Ҳумдин Шарипов гуфт, дар робита ба он таркиш се нафар боздошт ва ба онҳо айб эълон шудааст. Ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар робита ба таркиши дирӯза ба ҳоли омодабош оварда шудаанд.