Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо бо таҳримҳо ба Ӯзбакистон таҳдид мекунад


Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо таҳдид карданд, ки агар Ӯзбакистон ҳамоно ба талабҳои пажӯҳиши байнулмилалии рӯйдодҳои Андиҷон мухолифат нишон диҳад, Иттиҳоди Аврупо мумкин аст, ки зидди Тошканд таҳримҳо ҷорӣ намояд. Вазирон ба ҳукумати Ӯзбакистон то охири моҳи июн мӯҳлат доданд, ки мавқеъи худро бознигарӣ кунад ва ё бо оқибатҳои он рӯбарӯ гардад. Комиссионери равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Бенита Фереро-Валднер гуфт, вай аз муносибати Тошканд ба масъала хеле дилсард шудааст. Вай афзуд, танҳо таҳқиқоти бетарафонаи рӯйдодҳои Андиҷон метавонад, ҷомеъаи байнулмилал ва худи мардуми Ӯзбакистонро қонеъ гардонад: "Ҳаётан муҳим аст, ки мақомоти Ӯзбакистон ба пажӯҳиши мустақилона, комил ва байнулмилалӣ иҷоза диҳанд. Ва на барои он ки фақат мо мехоҳем асли рӯйдодҳоро бидонем, балки худи мардуми ӯзбак низ бояд бидонад, дар Андиҷон чи ҳодиса ба амал омад."Вазири корҳои хориҷии Люксембург Жан Асселборн, ки ҳоло кишвараш раёсати Иттиҳоди Аврупоро дар дӯш дорад, мегӯяд, аксари кулли 25 узви иттиҳод омодаанд, дар ҳоли идомаи саркашии Ӯзбакистон ҳамкориҳои худро бо Тошканд қатъ кунанд. Мақомоти Ӯзбакистон гуфтаанд, дар рӯйдодҳои Андиҷон 173 нафар кушта шуд, ки аксарашон ба гуфтаи онҳо аносири террорист ва ҷинояткор буданд. Вале нозирони мустақил мегӯянд, шумораи қурбониён аз 500 нафар бештар буда, дар байни онҳо занону кӯдакон зиёданд.
Дар ҳоле ки кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳқиқи байнулмилалии ин рӯйдодҳоро тақозо мекунанд, Русия ба ин талабҳо мухолифат нишон медиҳад ва аз мавқеъи Ӯзбакистон пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG