Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини сардабири "Нерӯи Сухан" ба як соли ҷазо маҳкум гардид


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе расидагӣ ба парвандаи муовини сардабири нашрияи «Нерӯи Сухан» Ваҳҳоби Латифро ба поён расонд. Додгоҳ ин парвандаро як парвандаи ҷиноӣ эълом кард ва Ваҳҳоби Латифро ба як сол муҷозот маҳкум кард. Асомуддин Абдураҳимов - додраси ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, ки ин муҷозот шомили зиндон ё маҳдудияти фаъолияти журналистӣ намешавад, балки ба он чи ки истилоҳан "корҳои ислоҳӣ" ном бурда мешавад, маҳдуд аст. Мутобиқи ин ҳукм, дар як соли оянда сӣ дар сад аз маоши Ваҳҳоби Латиф ба хазинаи давлат ворид хоҳад шуд. Додрас мегӯяд, ҳукми додгоҳ аз он ҷиҳат содир шудааст, ки ба гуфтаи ӯ Ваҳҳоби Латиф масъули нашри шуморае аз "Нерӯи Сухан" будааст, ки дар он як устоди риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон ба ришвахорӣ муттаҳам шудааст. Додрас мегӯяд, ин устод дар ин бора ба додгоҳ шикоят бурдааст ва додгоҳ пас аз баррасии парванда ва дар пайи шикояти ӯ чунин ҳукм содир кардааст. Додрас таъкид мекунад, ки ҳеҷ гуна маҳдудияти дигаре шомили ҳоли рӯзноманигор нахоҳад шуд. Ваҳҳоби Латиф дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳро як навъ фишор ба хабарнигорон медонад.
XS
SM
MD
LG