Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти боздошти хабарнигори тоҷик


Ба иттилоъи додситонии вилояти Суғд, Ҷумъабой Толибов - узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон на барои фаъолияти хабарнигорӣ, балки ба ҳайси мансабдори идораи давлатӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст. Эмом Ғоибов - сардори шӯъбаи тафтиши пешакӣ дар додситонии вилояти Суғд рӯзи 2 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба Ҷумъабой Толибов, ки вазифаи сарвари шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Айниро адо мекард, аз ҷониби додситони ин маҳал тибқи бандҳои 237 ва 316 - и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон бо иттиҳоми "авбошӣ" ва "баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ" парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст. Ҷаноби Ғоибов бо худдорӣ аз бозгӯи ҷузъиёти қазия фақат афзуд, ки гӯё Ҷумъабой Толибов нисбат ба афродии оддии корафтода рафтори ғайриқонунӣ кардааст.
Додситонии Суғд ҳама гуна иртиботи боздошти ӯро бо фаъолияти хабарнигориаш, ки то вақти боздошт дар бораи кори додситонии ноҳияи Айнӣ чандин мақолаи танқидӣ чоп кардааст ва бо мақомоти додситонӣ дар мухолифати шадиди назарӣ қарор доштааст, рад намуд ва афзуд, ин парванда ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, тафтиши ин қазияро як муфаттиши додситонии ноҳияи Шаҳристон дар ноҳияи Айнӣ пеш мебарад. Ҷумъабой Толибов 44 сол дошта, аз соли 1988 узви Иттиҳоди ҷамъиятии журналистони Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз соли 1984 дар рӯзномаи "Меҳнат" (ҳозира - Субҳи Кӯҳсор) адои вазифа намуда, аммо замони боздошт вазифаи сарвари шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи ноҳияи Айниро бар ӯҳда доштааст.
Ин барои аввалин маротиба аст, ки дар вилояти Суғд як хабарнигор боздошт ва дар қиболи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG