Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як хабарнигори тоҷик дар ноҳияи Айнӣ


Анҷумани Миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо нашри баёнияе аз додситонии кулли кишвар таҳқиқи қазияи боздошти Ҷумъа Толибов, як рӯзноманигори тоҷикро тақозо кардааст. Ҷумъа Толибов - узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, ки дар авқоти ахир дар ҳукумати ноҳияи Айнии вилояти Суғд масъули бахши маъмурӣ ва ҳамзамон ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти интизомӣ будааст, рӯзи 24 моҳи апрели соли ҷорӣ бо дастури додситони ин ноҳия дар шаҳри Душанбе боздошт мешавад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани Миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба истинод ба номаи хонуми оқои Толибов гуфт, ки иллали аслии боздошти рӯзноманигор нашри чанд матлаби танқидомези ӯ аз фаъолияти Собит Аъзамов, додситони ин ноҳия дар нашрияҳои "Садои мардум" ва "Минбари Халқ" будааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, Ҷумъа Толибов дар Душанбе, пойтахти кишвар замоне боздошт мешавад, ки соати мулоқоти ӯ бо додситони кулл таъйин шуда ва ӯ мехостааст дар як сӯҳбати рӯбарӯ роҷеъ ба нақзи қавонин аз тарафи додситони ноҳия ба мақоми боло иттилоъ диҳад. Аммо як рӯзи қабл аз мулоқоти таъйиншуда бо додситони кулл рӯзноманигор боздошт ва ибтидо ба боздоштгоҳи муваққати ноҳияи Панҷакент ва сипас ба ноҳияи Айнӣ оварда мешавад.

Аммо Саъбагул Қурбонова - масъули дафтари матбуотии додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Ҷумъа Толибов бо иттиҳоми авбошӣ боздошт шудааст. Хонум Қурбонова аз ироаи иттилоъи бештар дар ин замина худдорӣ намуд, вале иддаои дар пайи чопи матолиби интиқодӣ боздошт шудани рӯзноманигорро такзиб кард. Ин дар ҳолест, ки дар баёнияи Анҷумани Миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфта шудааст, ки бо гузашти чиҳил рӯз аз замони боздошти Ҷумъа Толибов, рӯзноманигори тоҷик мақомоти тафтишот ӯро пурсиш накардааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG