Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавсими нави поксозии Тоҷикистон аз мина сар шуд


Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон хабар дод, ки мавсими нави поксозии манотиқи минкоришудаи кишвар ва омӯзиши маҳалҳои зери шубҳаро дар марз бо Ӯзбакистон оғоз мекунад.
Муовини раиси марказ, Парвиз Мавлонқулов гуфт, мавсими нави кор аз барчидани минаҳо дар ноҳияи Ванҷ, 410-километрии шарқи Душанбе сар мешавад. Гуфта шуд, дар ин минтақа маҳалли аз ҳама мушкил дар атрофи деҳаи Дашти Язғулом мавҷуд аст, биноан Маркази минарубӣ тасмим гирифтааст, поксозиро аз ҳамин макон шурӯъ намояд. Ин дар ҳолест ки охири моҳи апрели соли равон дар деҳаи Дашти Язғулом ду сарбози Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ва ҳамчунин як сокини маҳаллӣ аз таркиши мина шадидан маҷрӯҳ шудаанд. Бино ба иттилои Маркази минарӯбии Тоҷикистон ҳамзамон амалиёти поксозии манотиқи минакоришуда дар навоҳии водии Рашт низ аз сар гирифта шуда, чор гуруҳи мутахассисон дар ноҳияи Рашт ва Тавилдара машғули коранд. Гуфта мешавад, як гурӯҳи дигар ахиран таҳқиқоти умумиро дар ҳошияи марзи байни ноҳияи Турсунзода бо Ӯзбакистон ҷиҳати муайянсозии манотиқи минагузоришуда ба анҷом расонидааст ва дар марҳалаи баъдӣ қарор аст маълумоти ба дастомада мавриди омӯзиш қарор бигирад.
Холиқи Сангин, Душанбе.
XS
SM
MD
LG