Фармондеҳи боздоштгоҳи гумонбаршудагони терорризм дар Халиҷи Гуантанамои Куба мегӯяд, пажӯҳишгарони амрикоӣ панҷ рӯйдоди рафтори номуносиби ҳарбиён ва ё муфаттишон бо Қуронро кашф кардаанд, вале далели мӯътамад надоранд, ки китоби муқаддас ба ташноб афканда шуда бошад. Генерал Ҷей Ҳуд гуфт, аз 13 гумони муносбати бад бо Қуръон панҷтои онҳо ба исбот расид. Чаҳор бор ин гуна рафтор аз тарафи посбонон ва як дафъа аз ҷониби муфаттиш ба амал омадааст.
Вай шарҳ надод, ки "рафтори номуносиб" чӣ маъно дорад ва ҷузъиёти ин рӯйдодҳоро ошкор накард. Генерал Ҳуд афзуд, аз ин 5 рӯйдод зоҳиран дутоаш тасодуфӣ будааст. Хабари беэҳтиромӣ ба Қуръонро ҳафтаномаи "Newsweek" ба чоп расонд, ки сабаби эътирозҳои густарда дар кишварҳои исломӣ гардид. Баъдан маҷалла ин хабарро иштибоҳ эълон кард ва мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ягон ҳодисаи бадрафторӣ бо китоби муқаддаси мусулмонон рӯй надодааст.