Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбаршудагони қочоқи инсон дар фурудгоҳи Душанбе


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки 5 узви як гурӯҳи муташаккили ҷиноиро ҳангоми кӯшиши интиқоли дуздонаи занону духтарони тоҷик ба Имороти Муттаҳидаи Араб бо мақсади ҷалби онҳо ба танфурӯшӣ боздошт кардаанд.
Ин боздошт дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба амал омадааст. Панҷгона мехостааст, ба ҳавопаймои масири Душанбе-Шарҷа боло шавад. Тибқи гуфтаи вазорати умури дохила, роҳбари ин гурӯҳ як хонуми 42-сола ва занҳое, ки ҷиҳати танфурӯшӣ бо ӯ роҳии Шарҷа шудаанд, аз 18 то 25-сола будаанд.
Сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон Худойназар Асозода гуфт, ки дар ҳоли ҳозир аъмоли ин гурӯҳ аз сӯи муфаттишин мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст ва онҳо то анҷоми бозрасии ибтидоӣ дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ карда мешаванд. Вай гуфт, ин 16-умин боздошти қочоқбарони инсон аз ибтидои соли ҷорист.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG