Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давъати раҳбари Хатлон аз ҷавонони вилоят


Амиршо Миралиев, раиси ҳукумати Хатлон ҳангоми як мулоқот бо ҷавонони ин вилоят гуфт, онҳо барнома доранд, соли ҷорӣ ҳудуди 400 нафар оилаҳои ҷавони минтақаро ба ноҳияи Носири Хусрави вилоят муҳоҷир намоянд, зеро ин ноҳияи навтаъсис ба нерӯи корӣ, ба вижа ҷавонон ниёз дорад. Оқои Миралиев ҳамчунин афзуд, ҳукумати Хатлон ба идораи кор бо ҷавонони вилоят супориш додааст, то ки масъалаи ҷалби оилаҳои ҷавони навоҳии вилоят ба ин минтақаро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Дар ҳамин ҳол Фирӯза Шарипова раиси идораи кор бо ҷавонони Хатлон гуфт, онҳо оилаҳои ҷавонро ташвиқ хоҳанд кард, то ба ноҳияи Носири Хусрав, ки барои кишти пахта бисёр мувофиқ аст ва заминҳои корам дорад, кӯч банданд.
Ва аммо ин дар ҳолест, ки оилаҳои ҷавони минтақа, ки ба навоҳии Қумсангир ва Носири Хусрави вилоят дар чанд соли ахир муҳоҷир муҳоҷир шудаанд, аз мушкилоти ҳиҷрат шикоят мекунанд. Маҳмадалӣ Саидов, сокини 26-солаи шаҳри Кӯлоб, устоди риёзии макбати таҳсилоти умумӣ, ки ду сол қабл бо ихтиёри худ ба деҳаи Қарадуми ноҳияи Қумсангир муҳоҷир шудааст, мегӯяд: "Зиндагии мо дар Кулоб хубтар буд, дар хонаи волидонам будам, тамоми шароитам муҳайё буд, аммо ба хотири хонаи хусусӣ муҳоҷират ба ин ноҳияро ихтиёр кардам, аммо шаш моҳ аст, ки то кунун ба мо хона надодаанд."
Даъвати Амиршо Миралиев, раиси ҳукумати Хатлон дар мавриде садо дод, ки бархе аз хонаводаҳои ба Қумсангиру Носири Хусрав муҳоҷиршудаи навоҳии вилоят, ба зодгоҳҳои худ бозпас омадаанд.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG