Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмонов дар ҷамъи ҷавонони кишвар


Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шанбе, 21 май зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар гуфт, сатҳи ҷаҳонбинӣ ва одоби ҷавонон дар муқоиса бо чанд соли қаблӣ пеш рафта, вале дониши онҳо мутобиқ ба талаботи рӯз нест. Дар ин мулоқот ҳудуди 1000 нафар аз ҷавонон ва масъулони мақомоти давлатӣ ширкат доштанд.

Оқои Раҳмонов дар ин мулоқот аз таваҷҷуҳи ҷавонон ба ҳамкорӣ бо созмонҳое ба мисли Ҳизб - ут - Таҳрир изҳори нигаронӣ кард ва аз ҷавонон даъват кард, ба гуфтаи вай, ба фиреби ин гуна созмонҳо дода нашаванд. Эмомалӣ Раҳмонов масоили нашъамандӣ, ҷинояткорӣ ва мавриди қочоқ қарор гирифтани ҷавононро аз мушкилоти умдаи ҷомиъа унвон кард. Ӯ гуфт, ҳудуди 2000 ҷавон дар маҳбасҳои кишвар бо иллати даст задан ба ҷиноят ва қочоқи маводи мухаддир маҳбусанд. Ба эътиқоди оқои Раҳмонов, 60 дарсади бекорони расман сабтиномшуда ҷавононанд. Ӯ афзуд, ба думболи шурӯъи бунёди иншоотҳои муҳими саноатӣ теъдоди аъзами онҳо ба ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Тибқи омори расмӣ, то соли 2006 теъдоди аҳолии Тоҷикистон, ба 7 миллион мерасад ва президенти кишвар гуфт, афзоиши бенизоми аҳолӣ дар ҷомиъа мушкилоти дигарро ҳам ба миён меорад. Барои мисол, то 10 соли дигар интизор меравад, теъдоди толибилмон дар кишвар ба 2 300 000 нафар бирасад ва бояд то он замон мактабҳои нави таҳсилоти ҳамагонӣ сохта шавад.

Сӯҳбати раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҷавонони кишвар дар фазои озод баргузор шуд ва ҳар нафар, ки мехост, сари ин ё он мушкил аз президент суол мекард. Эмомалӣ Раҳмонов ба ширкаткунандагони мулоқот иттилоъ дод, ки баъд аз як моҳ саҳифаи вижаи интернетӣ ҷиҳати робитаи мустақим бо раисиҷумҳури Тоҷикистон таъсис хоҳад шуд ва ба дунбол ҷавонон имкон хоҳанд ёфт, аз мушкилоти худ президенти кишварро муттасил огаҳ созанд.
Фирӯзи Барот, Душанбе
XS
SM
MD
LG