Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар шаҳри Қаросуи Узбакистон


Ҳудуди 300 нафар эътирозгар дар назди бинои ҳукумати шаҳри марзии Қаросуи Узбакистон ҷамъ омада аз маҳбас озод кардани Бахтиёр Раҳимов ва ҳафт тани дигарро, ки рӯзи панҷшанбе аз сӯи мақомоти амниятии Узбакистон боздошт шуданд, талаб намуданд.
Мақомоти Узбакистон Бахтиёр Раҳимов ва ҳамсафони ӯро дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва таъсиси давлати исломӣ муттаҳам мекунанд. Эътирозҳо дар шаҳри Қаросу баъди задухӯрди нерӯҳои низомии Узбакистон ва тазоҳуротгарон дар Андиҷон шурӯъ шуданд.
Рӯзи ҷумъа Иттиҳоди Аврупо аз раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов давъат кард, ки барои пажӯҳиши байналмилалии ҳаводиси Андиҷон иҷоза диҳад. Рӯзи панҷшанбе роҳбари Узбакистон ба дабири кулли Созмони Милал Кофӣ Аннон гуфтааст, ки барои пажӯҳиши мустақили ҳаводиси Андиҷон ниёзе нест, зеро вазъ дар минтақаи низоъ таҳти назорати мақомоти кишвар қарор дорад. Ба иттилоъи расмии ҳукумати Узбакистон, бар асари даргириҳои як ҳафта пеш миёни неруҳои низомии кишвар ва тазоҳургарон дар шаҳри Андиҷон 169 нафар ба ҳалокат расидааст. Ва аммо созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои мухолифини Узбакистон тахмин мезананд, ки теъдоди қурбониён дар Андиҷон аз ҳазор нафар бештар аст.
Ва дигар ин ки рӯзи ҷумъа музоҳиракунандагон дар назди дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тошканд ҷамъ омаданд. Онҳо аз роҳбарони намояндагӣ талаб карданд, навиштаи як нашрияи ҳукуматиро шарҳ диҳанд, ки тибқи он САҲА мавқеъи Ӯзбакистонро дар саркӯб кардани тазоҳуроти Андиҷон пуштибонӣ мекунад. Ба навиштаи рӯзномаи "Правда Востока" гӯё Мирослав Йенча, раиси намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тошканд гуфтааст, намоиши рӯзи ҷумъаи Андиҷон, ки ҳадафи тири нирӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифт, намоиши осоишта набуд.
Ва аммо Мирослав Йенча назди эътирозгарон ҳозир шуд ва навиштаҳои рӯзномаи "Правда Востока"- ро рад намуд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо намояндагони худро барои арзёбии вазъият ба Андиҷон фиристодааст.
XS
SM
MD
LG