Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди нерӯҳои давлатии Ӯзбакистон ба Қаросу


Тибқи гузоришҳо, вазъият шаби 18 ба 19-уми май дар шаҳраки Қаросуи вилояти Андиҷон ором набуд ва соати 3-и шаб нерӯҳои ҳукуматӣ ин шаҳракро таҳти тасарруфи худ дароварда, маъракаи боздошти тазоҳургаронро шурӯъ намуданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ Ғафурҷон Юлдошев баъди боздид аз шаҳри Қаросу мегӯяд, низомиёни мусаллаҳ шабона вориди шаҳраки Қаросу шуда, пешвои эътирозгарон Бахтиёр Раҳимов ва писари 13-солаи ўро боздошт кардаанд. Вай афзуд, ҳамчунин чанд тан аз бошандагони ин шаҳрак, ки дар намоишҳои эътирозӣ ширкат доштанд, мавриди боздошт қарор гирифтаанд.
Бино ба хабарҳо, дар шаҳри Андиҷон - марказии маъмурии вилоят рӯзи панчшанбе вазъият ором буд ва садои тирпаррониҳо шунида нашуданд, вале ҳанӯз ҳам убуру мурури мардум ба ин шаҳр ба мушкилӣ сурат мегирад. Роҳҳои марказии шаҳри Андиҷон, ба хусус роҳ ба самти бинои ҳукумати вилоят ва идораҳои ниҳодҳои қудратӣ таҳти назорати низомиён аст.
Рӯзи панҷшанбе як гурӯҳ ҳомиёни ҳуқуқи башар, фаъолони ҳизбҳои сиёсии "Эрк", "Деҳқонони Озод" ва намояндагони созмони ғайридавлатии "Занҳои Озод" дар назди сафорати Русия дар Тошканд намоиши эътирозӣ баргузор карданд. Раиси созмони "Занҳои Озод" Гавҳар Орипова мегӯяд, ки Шабакаи якуми телевизиони Русия, ҳодисаҳои Андиҷонро ба гурӯҳҳои исломӣ ва террористон марбут донистааст.
Гавҳар Орипова гуфт: "Мо дар назди сафорат тазоҳурот кардем, то ки сафири Русия бубинад ва ба ҳукумати худ бирасонад, ки онҳо аз мавқеъи ҳукумати Узбакистон барномаҳо пахш накунанд."
Шӯҳрат Маҳмадалиев - яке аз фаъолони ҳизби "Эрк" гуфт, Русия ҳодисаҳои Андиҷонро ба манофеъи худ баррасӣ мекунад ва афзуд: "Агар Русия ба нафту газ ва пунбаи онҳо эҳтиёҷ дорад, бигзор онро аз тариқи гуфтӯгу бо мақомоти кишвараш ҳал кунад, на аз роҳи пуштибонии мавқеъи ҳукумати Узбакистон дар қиболи ҳаводиси Андиҷон."
Шоҳидони ҳол мегӯянд, пулис ба манзури ҷилавгирӣ аз таъсиси ин намоиши эътирозӣ чораҳои қатъӣ пиёда кард, вале тазоҳургарони боқимонда сар нафароварданд ва намоиши эътирозиро давом доданд.
Мирасрори Фарғонӣ, Тошканд
XS
SM
MD
LG