Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Тадобири Тоҷикистон барои тақвияти марз бо Узбакистон

Масъулини Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон таъйид карданд, ки ба дунболи бархӯрд ва нооромиҳо дар шаҳри Андиҷони ҳамсоякишвари Ӯзбакистон назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ ва саросари имтидоди марз бо ин кишвар тақвият ёфта ва ҳамзамон нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.
Абуҷаббор Ҳомидов- муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, меъёри қабулшудаи байналмилалӣ аст, ки ҳангоми ташаннуҷи авзоъ дар ягон кишвар, кишвари ҳамсоя барои ҳифзи марзҳои худ тадобири иловагии амниятӣ меандешад ва ҳифозати марзи худро қавӣ мекунад ва ин ба манфиати ҳар ду кишвар аст.
Абдуҷаббор Ҳомидов илова кард, ки ба манзури амният дар марзи се ноҳияи ҳамсарҳади Ашт, Исфара ва Конибодом воқеъ дар қисмати шимоли кишвар бо водии Фарғонаи Ӯзбакистон, ки Андиҷон макони нооромӣ низ дар ҳудуди он қарор дорад, дидбонгоҳҳои иловагӣ оғоз ба кор кардааст.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ин самти марз бо Ӯзбакистон танҳо гузаргоҳи марзии расмӣ дар ноҳияи Конибодом қарор дорад, ки новобаста аз ташдиди низоми ҳифзи марз боз ва фаъол мебошад. Оқои Ҳомидов ҳамзамон сарусадоҳоро дар мавриди қатъи ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбакистон беасос хонд. Вале ба таъйиди манобеи нирӯҳои марзбонӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз вуқӯи ҳаргуна ҳаводиси ғайриинтизор реҷа ва низоми махсуси назорат дар фурудгоҳ ва истгоҳҳои роҳи оҳани кишвар роҳандозӣ шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

СММ аз Туркманистон хост, дар бораи рӯзноманигори маҳкумшуда иттилоъ диҳад

Нурлгелдӣ Холиқов.

Чанде аз кормандони СММ аз мақомоти Туркманистон дархост карданд, ки дар бораи рӯзноманигори маҳкумшудаи туркманистонӣ Нургелдӣ Холиқов иттилоъ диҳанд. Дар ин бора расонаҳои марбут ба Туркманистон хабар медиҳанд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ чанд масъули ниҳодҳои марбут ба СММ бо ирсоли як номаи даҳсаҳифаӣ аз мақомоти Туркманистон хостанд, ки дар бораи ҳукми Холиқов маълумот диҳанд. Ба навиштаи расонаҳо, Холиқови 26-соларо барои ирсоли акси сафари ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ ба Туркманистон 4 сол зиндонӣ кардаанд.

Дар номаи масъулони СММ омадааст, ки Холиқов рӯзи 12-уми июли соли 2020 ба рӯзноманигорони мустақил акси ҳайати СҶТ-ро ирсол кардааст. Рӯзи баъд рӯзноманигорро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Рӯзи 26 июл Холиқов дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки ӯро дар барнагардонидани қарз дар ҳаҷми 5 ҳазор доллар муттаҳам мекунанд, ки гӯё ибтидои соли 2020 гирифтааст. Холиқов моҳи сентябри соли 2020 бо иттиҳоми "қаллобӣ" 4 сол зиндонӣ шуд.

Дар бораи ҳукми Холиқов ба хешовандонаш танҳо дар моҳи декабри соли 2020 хабар доданд. Мақомот ҳамзамон ваъда доданд, ки вай дар доираи қонуни авф озод хоҳад шуд. Вале Холиқов то кунун дар зиндон боқӣ мондааст.

Масъулони СММ дар номааш гуфтаанд, ки муҳокимаи парвандаи Холиқов хилофи меъёрҳои адолати додгоҳӣ ва меъёрҳои байналхалқии риояи ҳуқуқи инсон сурат гирифтааст.

Дар Беларус ду журналист то 20-рӯзӣ ҳабс шуданд

Додгоҳи минтақавии Могилёв

Дар Беларус ду гузоришгар, аз ҷумла як хабарнигори расонаи олмонии Deutsche Welle бо иттиҳоми гӯё ширкат кардани онҳо дар намоишҳои эътирозии ғайриқонунӣ ба мӯҳлати то 20-рӯзӣ ҳабс шуданд. Ҳукме, ки 15-уми май содир шуд, яке аз даҳҳо қазиҳои додгоҳӣ дар Беларус алайҳи журналистон аст. Баъди интихоботи баҳсбарангези президентии августи порсол ва эътирозҳои сартосарӣ дар Беларус мақомот аз шеваи саркӯбҳои шадид кор гирифта, аз ҷумла журналистонро ҳам, ки дар пӯшиши хабарии ин таҳаввулот кор мекарданд, ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Хабарнигори Deutsche Welle Александр Буряков ва журналисти мустақил Владимир Лаптсевич рӯзи 12 май дар шаҳри Могилёв боздошт шуданд. Дар ин шаҳри воқеъ дар 200-километрии шарқи Минск ин ду журналист бо пӯшиши хабарии додгоҳи Певел Северинетс, як сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Александр Лукашенко машғул буданд. Полиси Беларус дар далели боздошти онҳо гуфт, ки ин журналистон “такроран дар намоишҳои эътирозии ғайриқонунии соли ҷорӣ иштирок карданд”. Вале гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи MayDay гуфт, ки рӯзи 12 май дар муқобили додгоҳи шаҳри Могилёв ҳеҷ намоиши эътирозӣ баргузор нашудааст. Раҳбари кулли Deutsche Welle Питер Лимбург аз мақомоти Беларус озодии билофосилаи журналистонро тақозо кард.

Шиддатёбии ихтилофҳои Қирғизистон ва  Centerra Gold барои назорат аз кони Қумтор  

Макони кони Қумтор. Акс аз соли 2017

Дар Қирғизистон ихтилофҳо барои назорат аз болои Кони Қумтор пуршиддат мешавад. Ахиран як комисссиюни давлатӣ пешниҳод кардааст, ки назорати ин кон муваққатан аз дасти ширкати канадаии Centerra Gold ба ҳукумат гузарад. Дар навбати худ, Centerra Gold гуфт, ки аз болои Бишкек барои талоши дубораи миллисозии ин ширкат ба додгоҳ шикоят кардааст. Қумтор яке аз калонтарин конҳои тилло дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Оқилбек Ҷабборов, раиси комиссиюни давлатии Қирғизистон рӯзи 17-уми май гуфт, аъзои ин ниҳод ба хулосае омаданд, ки бо сабаби “фасод ва вайрон кардани қоидаҳои амниятиву муҳитзистӣ” созиши ба ихтиёри Centerra Gold додани кон бояд бекор шавад. Оқилбек Ҷабборов гуфт: “Комиссиюни давлатӣ ошкор кард, ки созишномаҳои дар солҳои 1992, 2003, 2009 ва 2017 имзошуда дар заминаи фаъолияти Қумтор ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Қирғизистон нест. Онҳо меъёрҳои марбут ба ҳифзи тамомияти арзии Қирғизистонро вайрон мекунанд ва бар пояи ғаризаҳои фасодкоронаи мақомоти вақт имзо шудаанд”.

Ин изҳорот як рӯз баъди он пахш шуд, ки ширкати канадаии Centerra Gold алайҳи Бишкек ба додгоҳи мунсифа шикоят карда қонунгузории ахиран қабулшуда дар бораи муваққатан зери назари давлат гузаштани кони тиллоро ба чолиш кашидааст. Дар шикоят ширкат гуфта шудааст, ки ин қонун “фазои сармоягузорӣ” дар заминаи истихроҷи тиллоро вайрон мекунад.

Блинкен ва Қурайшӣ вазъи Афғонистон ва хуруҷи нирӯҳоро баррасӣ карданд

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон

Энтонӣ Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико ва ҳамтои покистониаш Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дар як тамоси телефонӣ ҷараёни сулҳи Афғонистон ва ҷанги зидди терроризмро баррасӣ кардаанд.

Президенти Амрико Ҷо Байден моҳи апрел гуфт, ки то 11-уми сентябри имсол 2500 низомии амрикоиро аз хоки Афғонистон берун мебаранд.

Тавофуқи маъмурияти президенти собиқи Амрико бо Толибон ин буд, ки то 1-уми майи имсол нирӯҳои амрикоӣ хоки Афғонистонро тарк мекунанд. НАТО гуфт, бо айни ҳамин нақша кор карда, беш аз 7 ҳазор нирӯҳои эътилофиашро аз Афғонистон берун мебарад.

Департаменти давлатии Амрико шоми 16-уми май бо пахши изҳороте гуфт, дар сӯҳбати телефонӣ Блинкен ва Қурайшӣ ба "зарурати идомаи ҳамкорӣ дар ҷараёни сулҳи Афғонистон, пешрафти Покистон дар муқобила бо терроризм, инчунин, тавсеаи имконбахши ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату савдо ва ҳам беҳтар кардани иртибототи минтақавӣ дар Осиёи Ҷанубӣ" таъкид карданд.

Берун рафтани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон нигаронии баъзе аз кишварҳои минтақаро ба бор овардааст, ки дар сурати набудани созиши сулҳ бо Толибон оё нирӯҳои Афғонистон мустақилона тавони муқобила бо ин гурӯҳи шӯришиҳо хоҳанд дошт ё на.

Низомиёни исроилӣ аз анҷоми як силсила ҳамлаҳои ҳавоӣ гузориш доданд

16 май, Ғазза. Ҷустуҷӯи бозмондаҳои баъди бомбаборони як бино идома дорад

Низомиёни исроилӣ гуфтанд, ки субҳи 17-уми май ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар як силсила ҳадафҳоро дар Навори Ғазза зарба заданд ва дар натиҷа 15 километр туннел ё роҳҳои зеризаминии ҷангиён ва ҳам манзили нӯҳ фармондеҳи эҳтимолии Ҳамосро хароб карданд.

Сокинони як бинои сетабақа дар Ғазза, ки хеле осеб дидааст, гуфтанд, даҳ дақиқа пеш аз ҳамла низомиёни исроилӣ онҳоро хабар карданд ва аз ин хотир ҳама аз хонаҳо берун шуда буданд.

Дар робита бо зарбаҳои ҳавоии ахир феълан миқдори хисорот гуфта нашудааст, вале хабарҳо аз қатъ шудани барқ ва хароб шудани садҳо бино мерасад.

Низомиён гуфтанд, дар амалиёти ахир 35 “макони террористӣ”, аз ҷумла, туннелҳои ҷангиён ҳадаф қарор гирифтанд. Ин туннелҳоро “метро” ҳам меноманд ва онҳо барои эмин мондан аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода мешаванд.

Онҳо мегӯянд, ҷангиён шабонгоҳ тахминан 60 мушакро ба сӯи шаҳрҳои исроилӣ партоб карданд. Ин шумор дар қиёс бо ду шаби гузашта, ки 120 ва 200 мушак истифода шуд, камтар мебошад.

Мавҷи ҳамлаҳои ҳавоӣ рӯзи 16-уми май беш аз 90 ҳадафро дар ин минтақаи соҳилӣ осеб расонд. Ин ҳафтаи дуюми низоъҳо мебошад. Вазорати беҳдошт гуфт, дар яке аз ин ҳамлаҳо 42 фаластинии сокини Ғазза, аз ҷумла 8 кӯдак ва ду табиб кушта шуданд ва ин пурқурбонитарин ҳодисаи бомбаборонҳои ахир мебошад.

Энтони Блинкен бо мақомоти Дания мулоқот мекунад

Қароргоҳи нахуствазири Дания дар Мариенборг, 17-уми май. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен бо нахуствазири Дания Метте Фредериксен гуфтугӯ мекунад

Рӯзи 17-уми май котиби давлатии ИМА дар сафари аврупоии худ бо мақомоти Дания дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ҳадафи аслии сафари Энтони Блинкен ба Аврупо ширкат дар ҷаласаи Шӯрои Арктика дар Исландия мебошад ва қарор аст дар ҳошияи он нахустин сӯҳбати рӯбарӯи Блинкен ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор шавад. Ин аввалин мулоқоти ду раҳбар баъди дар Вашингтон сари кор омадани маъмурияти президент Ҷо Байден хоҳад буд. Рӯзи душанбе, ба навиштаи Департаменти давлатии ИМА, Блинкен дар шаҳри Копенҳаген бо нахуствазири Дания Метте Фредериксен ва вазири хориҷаи ин кишвар Йеппе Кофод дар мавзӯи «муқобила бо бӯҳрони муҳитзистӣ» ва «манфиатҳои дуҷониба дар тақвияти равобити фароатлантикӣ» дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Департаменти давлатӣ гуфт, ки Блинкен ӯҳдадории ИМА ба технологияҳои сабз ва ҳифзи суботи муҳитзистӣ дар Арктикаро таъкид хоҳад кард. Баъди ин мулоқот 17-уми май ӯ ба Исландия парвоз мекунад ва дар он ҷо бо президент, нахуствазир ва вазири хориҷаи ин кишвар мулоқот мекунад. Ин мулоқот дар остонаи Шӯрои Арктика барпо мешавад, ки рӯзи 19-уми май дар шаҳри Рейкявик оғоз мешавад. Рӯзи 20-уми май мулоқоти ӯ бо Лавров дар назар аст.

Як мақоми баландпояи Департаменти давлатӣ дар роҳ ба Копенҳаген ба хабарнигорон гуфт, ки Блинкен ва Лавров сари масоиле тамаркуз мекунанд, ки Вашингтону Маскав дар онҳо манфиати муштарак доранд.

Акси парчами Исроил дар девори як меҳмонхонаи Тошканд баҳсбарангез шуд

Акси парчами Исроил дар девори меҳмонхонаи "Узбекистон" дар шаҳри Тошканд баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳо ба бор овард.

Як моҳи пеш, рӯзи 14 апрел, ба муносибати 73-солагии истиқлоли Исроил девори меҳмонхонаи "Узбекистон" бо акси парчами Исроил оро дода шуд. Масъулони меҳмонхона гуфтанд, мунъакис шудани парчами Исроил дар девори меҳмонхона бо ҳаводиси кунунии Шарқи Наздик рабте надорад.

Як масъули меҳмонхона гуфт, бо сафорати Исроил дар Узбекистон созишнома баста шудааст. "Мо акси парчамеро мунъакис кардаем, ки Узбекистон бо он муносибатҳои дипломатӣ дорад. Ин амал дар доираи қонун сурат мегирад", - гуфт масъули меҳмонхона.

Хушунати Исроил бо Фаластин панҷ рӯз аст, ки идома дорад. Аз рӯзи душанбе то ин замон бештар 170 фаластинӣ кушта шудааст. Кушташудаҳо миёни исроилиҳо ба 10 кас мерасад.

Боздошти шаш муҳоҷири тоҷик баъд аз занозании гурӯҳӣ дар Санкт-Петербург

Шаҳри Санкт-Петербург

Баъд аз занозании гурӯҳии эҳтимолан шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, нисбат ба 6 муҳоҷири тоҷик парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Ба қавли хабаргузориҳои русӣ, муноқиша шоми 14-уми май дар ноҳияи Приморск рух додааст, вале сабаби занозанӣ нашр намешавад. Гуфта мешавад, ки тақрибан сад нафар бо ҳам занозанӣ карда, баъзеи онҳо аз калтакҳои чӯбиву оҳанӣ истифода кардаанд. Матбуоти Русия навишт, ки 45 нафарро ба идораи полис бурдаанд.

Хабаргузории "Фонтанка" навори амалиётеро аз сохтмонҳои Санкт-Петербург нашр кард ва дар он дида мешавад, ки зоҳиран кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Росгвардия бо сагҳояшон ҷойи хоби муҳоҷиронро тафтиш мекунанд.

Мақомот гуфтанд, дар умум, ҳуҷҷатҳои 130 шаҳрванди хориҷӣ тафтиш шуда, нисбат ба яке аз онҳо барои қалбакӣ будани санадҳояш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар гузашта ҳам гоҳе занозании гурӯҳӣ миёни зодаҳои Осиёи Марказӣ бо далелҳои мухталиф, аз ҷумла, барои дастрасӣ ба кору даромад рух додааст. Шаш шаҳрванди Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо парванда боз шудааст, ба навиштаи матбуоти русӣ, кормандони як ширкати сохтмонӣ буданд.

Машварати мақомоти тоҷик ба муҳоҷироне, ки будубошашон дар Русия ғайриқонунист

Маркази "Сахарово" барои хориҷиҳои ҷӯёи кор дар Русия патент медиҳад

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як эълон ба муҳоҷирони тоҷик гуфтааст, рӯйхати шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, дар ин ниҳод ва сохторҳои он мавҷуд аст. "Барои дарёфти маълумот барои қонунӣ кардани ҳузури худ дар ин кишвар, хоҳишмандон метавонанд ба кормандони намояндагӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия муроҷиат намоянд", -- омадааст дар эълон. То анҷоми қарори президенти Русия Владимир Путин дар мавриди сабукӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити пандемия барои қонунӣ кардани будубошашон дар ин кишвар камтар аз як моҳи дигар мондааст. Бо наздик шудани санаи 15-уми июн шумори муҳоҷирон ҳам дар назди маркази “Сахарово” барои дарёфти патент ва қонунӣ кардани ҳуҷҷатҳояшон ҳамарӯза меафзояд.

Тоҷикистону Қирғизистон аз боздошти шаҳрвандони якдигар дар марз хабар доданд

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон аз боздошти шаҳрвандони худ дар қаламравҳои якдигар хабар доданд.

Манобеъ дар мақомоти интизомии шаҳри Исфара гуфтанд, ки ҷониби Қирғизистон рӯзи 17-уми май се нафар, ду сокини одӣ ва як маъмури интизомиро дар роҳи Ворух - Хоҷаи Аъло (дар ҳудуди деҳаи Оқсой) дастгир кардааст.

Абдукарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ боздошти се сокини Тоҷикистонро тасдиқ кард, вале айни замон гуфт, ҷониби Тоҷикистон низ се шаҳрванди ин кишварро дастгир намудааст.

Мақомоти Тоҷикистон расман хабар надоданд, аммо манобеъ дар мақомоти интизомии Исфара боздошти ду ронандаи қирғизро таъйид карданд. Мусоҳиби мо гуфт, "ҳоло мақомот талош доранд, ки музокира кунанду масъаларо ҳал кунанд."

Абдукарим Алимбоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳоло қазияро таҳқиқ доранд, ки шаҳрвандонро марзбонҳо дастгир кардаанд ва ё мардуми маҳаллӣ.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.

Душанбеву Бишкек якдигарро барои оғози даргирии мусаллаҳона айбдор карда, барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона кушодаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

АП: Нархи билетҳои "Уралские авиалинии" боло рафт

Душанбе, як нуқтаи билетфурӯшӣ. Акс аз соли 2016

Хабаргузории «Азия-Плюс» аз боло рафтани нархи билети парвозҳои чартерии ширкати «Уральские авиалинии» ба самти Русия хабар додааст. Ба қавли манбаъ, ширкат билетҳоро барои моҳи май бо нархи 13 то 14 ҳазор сомонӣ пешниҳод мекунад. Барои нимаи дуввуми моҳи июн нархи билет 8 ҳазору 850 сомонӣ то 9 ҳазору 300 сомонӣ будааст. Пайдо кардани билетҳо барои парвозҳои маъмулии ғайричартерӣ бо сабаби камии шуморашон имкон надорад. Чунин вазъият боиси он шудааст, ки талабгорони сафар ба Русия бо умеди билети арзон ба доми қаллобон меафтанд. Аз ҷумла, ду сокини ноҳияи Ёвон ба он гунаҳкор мешаванд, ки бо ваъдаи дарёфти билети арзон ба самти Кӯлоб-Маскав 16 сокини Тоҷикистонро фиреб додаанд. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, сокинон Неъматулло Холов ва шарики ӯ Комил Расулов «ба бовари сокинон даромада, аз онҳо дар маҷмӯъ 128 ҳазор сомонӣ ба даст оварданд ва ба манфиати худ истифода бурданд». Мақомот гуфтанд, ки Неъматулло Холов шудааст, вале Комил Расулов фирор намудаву таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

Моҳи апрел парвозҳои қатъшуда ба самти Русия бо сабаби пандемияи коронавирус дубора барқарор шуданд, вале шумори каму нокофии онҳо талаботи ҳама хоҳишмандони сафарро бароварда намекунад. Русия макони аслии кору даромади то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Таҳдиди "экстремистӣ" эълон шудани созмонҳои Навалний дар додгоҳи Маскав

26 март, шаҳри Санкт-Петербург. Намоиши эътирозии зидди коррупсия

Додгоҳе дар Русия дар мурофиаи рӯзи 17-уми май масъалаи “экстремистӣ” унвон шудани шабакаи созмонҳои сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалнийро баррасӣ мекунад. Мурофиаи додгоҳи шаҳри Маскав бо талаби додситонӣ барпо мешавад, ки хостааст, Бунёди зидди коррупсия, Бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва қароргоҳи минтақавии Навалний “экстремистӣ” эълон шаванд. Додситонҳо гуфтанд, ки ин ташкилот “таҳти шиорҳои либералӣ шароитро барои бесубот кардани вазъи иҷтимоӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ фароҳам мекунанд”. Фаъолони ҳуқуқ ин амали додситониро ҳамчун талоши “моҷароҷӯёна” барои хомӯш ва саркӯб кардани мухолифону дигарандешон дар кишвар маҳкум карданд. Муттафиқи Навалний Леонид Волков дар як изҳороташ моҳи апрел гуфт, дар сурати аз талаби додситонӣ ҷонибдорӣ кардани додгоҳ интизор меравад, ки ҳар нафари дахил дар ин амалҳо ва кормандони ин созмонҳо “билофосила аз рӯи иттиҳоми экстремизм муҳокима мешавад ва ин чиз бо ҳукми зиндон меанҷомад”. Бар асоси қонунҳои Русия, афрод ё созмонҳои маҳкумшуда барои “экстремизм” бо ҳукми то 10 соли зиндон рӯбарӯ мешаванд.

Амалиёти ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил дар Ғазза

Ғазза. Субҳи 17-уми май

Бо вуҷуди даъватҳо ба хатми хушунатҳо, рӯзи 17-уми май ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил силсилазарбаҳои сангинеро дар чанд нуқтаи шаҳри Ғазза анҷом доданд. Хушунатҳо ҳафтаи гузашта шуруъ шуданд.

Хабаргузориҳо мегӯянд, субҳи душанбе даҳҳо ҳамлаҳои ҳавоӣ шаҳрро такон дод. Нирӯҳои дифоии Исроил гуфтанд, "ҳавопаймҳои ҷангии ин ниҳод ҳадафҳои террористиро дар Навори Ғазза зарба заданд".

Рӯзи якшанбе дар Ғазза мавҷи ҳамлаҳо ба роҳ монда шуд ва Исроил гуфт, беш аз 90 маконро дар шаҳр ҳадаф қарор дод. Ба ин тартиб, инак, ҳафтаи дуюми хушунатҳо дар Ғазза шуруъ шуд.

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ки ҳамлаҳо “ба тамоми қудраташ” идома мекунад ва “вақт мегирад”. Ӯ дар як изҳороти телевизионӣ гуфт, “Исроил мехоҳад, Ҳамос нархи гаронеро пардохт кунад”.

Аз замони шурӯи хушунатҳо то ҳол дар миёни фаластиниҳо дар Ғазза 197 ва дар Исроил 10 нафар кушта шуданд. Президенти Амрико Ҷо Байден гуфт, маъмурияти ӯ бо фаластиниҳову исроилиҳо ба хотири дастёбӣ ба оромиши давомдор кор мекунад.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, мавзӯи хушунатҳои ахири Ғаззаро бо Қатар, Миср ва Арабистони Саудӣ баррасӣ кард.

Дар ҳамлаи артиши Мянмар ба мухолифон 5 кас ҷон бохт

Дар шаҳри Миндати Мянмар дар натиҷаи задухӯрд бо низомиён панҷ кас кушта, даҳ тан захмӣ ва панҷ каси дигар ҳабс шуданд. Дар ин бора расонаҳои байналмилалӣ иттилоъ доданд.

Аз 13-уми май дар шаҳри Миндат вазъи низомӣ эълом шудааст. Дар ин шаҳр, ки 40 ҳазор сокин дорад, ҳаракати шӯришгарона ташкил шудааст. Аъзои шӯриш бо силоҳҳои худсоз муҷаҳҳаз ҳастанд.

Рӯзи шанбе ҷангҷӯёни шӯриши зидди низомиёни давлатӣ монеи вуруди ҳарбиён ба шаҳр шуданд. Низомиёни давлатӣ бо истифода аз силоҳи вазнин сафи шӯришиёнро шикаста, вориди шаҳр гардиданд.

Дар Дави миллӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар иштирок карданд

Дави миллӣ дар Душанбе. 16 май, 2021.

Дар дави миллӣ, ки рӯзи якшанбе, 16-уми май, дар саросари Тоҷикистон баргузор шуд, беш аз 295 ҳазор нафар одамони синну сол ва касбу кори мухталиф ширкат варзиданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дави миллӣ бо фармони президенти ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад. Аввалин бор Дави миллӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон 20-уми майи соли 2007 баргузор шуда буд.

Дар Дави миллӣ, ки имсол бори 14-ум доир гашт, дар шаҳри Душанбе беш аз 43000 нафар ширкат карданд. Чун анъана иштироккунандагони дав дар масири маҳаллаи Чорбоғ – Наврӯзгоҳ, ки масофаи 10 километрро ташкил медиҳад, давиданд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта бо сабаби авҷи бемории коронавирус Дави миллӣ дар Тоҷикистон доир нашуда буд.

Идораи марзбонии Қирғизистон аз Тоҷикистон хост, "аз нашри маълумоти нодуруст пешгирӣ кунад"

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар робита ба паҳншавии наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳорот нашр кард.

Ба иттилои ин ниҳоди Қирғизистон, рӯзи 14-уми май марзбонони қирғиз ҳангоми иҷрои вазифа мушоҳида кардаанд, ки "дар наздикии хати шартии марз манзили як шаҳрванди Тоҷикистон месӯзад". "Дар рафти гуфтугӯи телефонӣ мақомоти Тоҷикистон аз марзбонони Қирғизистон хостаанд, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз ташаннуҷи вазъ низомиёни қирғиз аз хатти шартии марз дуртар бурда шаванд", - хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.

Рӯзи 15-уми май дар минтақаи Қараи ноҳияи Бодканди Қирғизистон мулоқоти намояндагони ду тараф баргузор шуд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ин мулоқот барои баррасии хабари расонаҳо дар бораи буридани дарахтони мевадиҳанда дар наздикии хати марз ташкил шуд.

"Дар рафти мулоқот ҷониби Тоҷикистон натавонист, ки далели бурида шудани дарахтонро исбот кунад", - хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Қирғизистон. Дар робита ба ин ниҳоди мазкур аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки "оташсӯзии манзили зистро бетарафона таҳқиқ ва аз паҳншавии хабарҳои беасосро дар бораи даст доштани шаҳрвандони Қирғизистон дар тахрибкорӣ пешгирӣ кунад".

Ҷониби Тоҷикистон ин изҳоротро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Гуруҳе аз сокинони як деҳаи сарҳадии ноҳияи Исфара мегӯянд, ки афроди ношинос аз тарафи Қирғизистон гузашта, як хонаеро дар деҳаи онҳо оташ задаанд. Марзбонони қирғиз ин иддаоро беасос хонда, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин ҳодисаеро сабт накардаанд. Шавкат Қаюмов, раиси маҳаллаи Лангари Хайробод дар ҷамоати Чоркӯҳ, рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шаби 14-уми май сурат гирифтааст ва дар натиҷа хонаи Баҳром Ғафуров, сокини деҳа сӯхта ва чаҳор ҳуҷраи он нобуд шудааст.

Айни замон, ба гуфтаи ӯ, шахсони номаълум садҳо навниҳол дар мавзеи Сиёҳкӯҳро аз реша кандаанд. Ҳангоми ҳодиса касе дар хона набудааст ва ҳеч касе осеб надидааст. Дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар Бишкек ва раёсати он дар вилояти Ботканд дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин хабаре дар онҳо нест ва "ингуна ҳодиса дар марзро сабт накардаанд".

Зубайдулло Шомадов сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара бо нашри акс ва видеои хонаи сӯхта ва навниҳолҳо канда дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст: “Соати тақрибан 20: 10 дақиқаи 14-уми май манзили зисти Баҳром Ғафуров сокини маҳаллаи Лангари Хайробод оташ зада шуд, ки дар натиҷа чаҳор утоқи ин манзил нобуд шудааст”. Ӯ навиштааст, ки ин хона 100 метр дуртар аз минтақаи баҳсбарангези сарҳад қарор дорад.

Шавкат Қаюмов гуфт, ҳукумати шаҳри Исфара ваъда додааст, ки хонаи Баҳром Ғафуровро барқарор мекунад ва ҳамдеҳагон низ бо ҳашар дар таъмири хона кумак мерасонанд.

Пас аз муноқишаи охир моҳи апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон чунин ҳодиса то кунун сабт нашуда буд. Дар ин муноқиша, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ба иттилои мақомоти қирғиз, дар Бодканд, 78 хона сӯхт, 189 кас маҷруҳ шуд ва 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд. 15 ҳазор нафар ба ҷойи амн куч дода шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон расман аз кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 нафар дар ин муноқишаи марзӣ хабар дод. Ҳамчунин ба иттилои Тоҷикистон дар ин даргириҳо 20 хонаи тоҷикон вайрон шудааст.

Шавкат Мирзиёев дар сафараш ба Тоҷикистон аз Хуҷанд боздид мекунад

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, рӯзи 10-уми июн ба Тоҷикистон сафар мекунад. Хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли манобеаш дар ҳукумат навишт, ки сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон то 12-уми июн идома хоҳад дошт.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, раиси ҷумҳури Узбекистон дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд меравад. Манбаъ мегӯяд, Шавкат Мирзиёевро дар Хуҷанд раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Дар назар аст, дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон чанд созишнома миёни Душанбе ва Тошканд имзо шавад. Ба ҳамин тартиб, дар давраи раёсатҷумҳурияш ин бори чаҳорум мешавад, ки президенти Узбекистон аз Тоҷикистон дидан мекунад.

Нахустин сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе 9-уми марти соли 2018 сурат гирифт ва оғози давраи нави ҳамкориҳои миёни Узбекистон ва Тоҷикистон дониста шуд.

Расонаҳо роҳҳои сарватандузии хеши президенти Туркманистонро ошкор карданд

Раиси ҷумҳури Туркманистон.

Як таҳқиқоти рӯзноманигории сомонаҳои Turkmen.news, Gundogar ва OCCRP ошкор кардааст, ки хоҳарзодаи Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон, бо истифода аз буҳрони ғизоии ин кишвар сарвати бештар ҷамъ меорад.

Ба иттилои рӯзноманигорон, Ҳоҷимурод Раҷабови 39-сола бо ташкили ширкати бритониёии Greatcom Trade шартномаҳои давлатии воридоти ғизоро ба Туркманистон соҳиб шудааст.

Моҳи марти соли 2016 Бердимуҳаммадов бо содир кардани як фармон ҳукуматро вазифадор карда буд, ки танҳо тавассути ширкати Greatcom Trade аз хориҷ ғизо биоранд. Ин ширкат бояд аз хориҷ шакару гӯшти мурғ ва равған биорад. Маблағи шартнома 27,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки дар Туркманистон буҳрони шадиди ғизоӣ ҳукмфармост. Сокинон иҷоза доранд, ки танҳо бо меъёр ва аз мағозаҳои наздики манзилашон ғизо бихаранд.

Вабои коронавирус ин буҳронро амиқтар кард. Ҳанӯз маълум нест, ки мақомоти Туркманистон ба таҳқиқоти рӯзноманигорӣ вокуниш кардаанд ё не.

Яҳудиёни бухороӣ Юлдуз Усмоноваро дар яҳудиситезӣ айбдор карданд

Юлдуз Усмонова, овозхони маъруфи Узбекистон

Ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ дар Амрикову Исроил ба изҳороти овозхони узбекистонӣ Юлдуз Усмонова дар бораи низои Исроил бо Фаластин вокуниш нишон доданд. Намояндагони ҷамъиятҳои мазкур аз Усмонова талаб доранд, ки аз мардуми Исроил "барои ҳарфҳои яҳудиситезонааш" узр пурсад.

Усмонова рӯзи 13-уми май дар Инстаграм Исроилро "ғосиб" номид ва илова кард, ки "Исроилро давлат намеҳисобад". Ин овозхон ба мардуми Фаластин изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, "дар сурати зарурат омодааст, барои Фаластин биҷангад".

"Мо мардуми Исроил мегӯем, ман онро давлат намеҳисобам. Зеро худашон хуб медонанд, ки ғосиб ҳастанд... Инсон дар зиндагӣ танҳо як маротиба мемирад. Агар зарур шавад, агар даъват кунанд, пас, мо ба ҷанг меравем. Бигзор ин фикрро надошта бошанд, ки мо танҳо машғули худ ҳастем. Агар зарур шавад, мо муттаҳид мешавем. Фаластиниҳо - қаҳрамонони мо ҳастанд. Онҳо он замин ҳифз ва барои он меҷанганд", -- навишт Усмонова.

Дар посух ба ин ҳарфҳо соҳибкор Алекс Бараев, ки дар Исроил зиндагӣ дорад, дар саҳифаи "Фейсбук" навишт, борҳо ба Усмонова кумак кардааст. Вай бо ёдоварӣ аз ёриҳояш аз Усмонова хост, ки аз мардуми Исроил узр пурсад.

Намояндаи дигари яҳудиҳои бухороии муқими Исроил Ефим Миратов навишт, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бояд Юлдуз Усмоноваро барои ин ҳарфҳояш аз унвони овозхони мардумӣ маҳрум созад.

Наргиза Шабанова, яҳудии бухороии дигар, ки дар Амрико зиндагӣ дорад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки барои вай "Юлдуз Усмоноваи овозхон вуҷуд надорад".

Вазъ дар Шарқи Наздик рӯзи 10-уми май бад шуд. Аз замони шурӯи хушунатҳо то ҳол дар миёни фаластиниҳо дар Ғазза 197 ва дар Исроил 10 нафар кушта шуданд. Президенти Амрико Ҷо Байден гуфт, маъмурияти ӯ бо фаластиниҳову исроилиҳо ба хотири дастёбӣ ба оромиши давомдор кор мекунад. Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфт, амалиёти низомии Исроил дар Навори Ғазза "ҳар чи қадаре, ки зарур шавад, идома мекунад".

Ҳамлаҳои Исроил идома доранд, Шӯрои Амният низоъро баррасӣ мекунад

Тахриби бино дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Исроил дар Навори Ғазза

Дар Навори Ғазза бо зарбаҳои ҳавоии Исроил рӯзи 16 май 26 фаластинӣ кушта шуда, хонаи раҳбари Ҳамос тахриб гаштааст. Ин дар ҳолест, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал зимни афзоиши изтироб дар саросари ҷаҳон интизор меравад, шиддат ёфтани низоъро дар Ховари Миёна баррасӣ кунад.

Бо он ки фаластиниён мегӯянд, дар Ғазза ба камияш 174 нафар, аз ҷумла 47 кӯдаки онҳо ва исроилиҳо бар инанд, ки 10 исроилӣ кушта шудаанд, рӯйдодҳои ахир хунинтарин марҳилаи низоъ аз соли 2014 ба ин сӯ шумурда мешавад. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу рӯзи 15 май гуфт, ки сарфи назар аз даъватҳои Вашингтон ва Созмони Милал ба қатъи низоъ, маъракаи ҷории зидди ҷангиёни фаластинӣ "то он даме ки лозим аст, идома хоҳад ёфт." Ин изҳороти Нетаняҳу рӯзи 15 май пас аз чандин ҳамлаи ҳавоии исроилиён садо дод, ки гуфта мешавад, раҳбарон ва фармондеҳони аршади Ҳамосро ҳадаф гирифта буданд. 16 май артиши Исроил гуфт, хонаи Яҳё Синвор, раҳбари ҷиноҳи сиёсии Ҳамосро дар Навори Ғазза бомбаборон кард. Дар бораи зинда ё мурдаи ӯ хабар дода нашудааст.

"Дар байни ҳадафҳои задашуда манзилҳои Яҳё Синвор, раиси Дафтари сиёсии Ҳамос дар Ғазза ва инчунин бародари ӯ Муҳаммад Синвор, мудири таъминот ва нерӯҳои башарии Ҳамос ҳастанд", омадааст дар изҳороти артиши Исроил, ки ҳамроҳи он видеое низ пахш гашт, ки дар он таркишу дуди ғазиз ва вайронии сахт дида мешавад. Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил пештар, рӯзи 15 май як бинои баландошёнаи шаҳри Ғаззаро тахриб карданд, ки дар он расонаҳои хабарии байналмилалӣ, аз ҷумла Алҷазира ва Ассошиэйтед Пресс ҷойгир буданд. Низомиёни Исроил гуфтанд, ки тахриби ин бино қонунӣ буд, зеро дар он дороиҳои низомии марбут ба Ҳамос вуҷуд доштанд. Исроил дар бораи зарба пешакӣ огоҳӣ дод, то хабарнигорон аз ин бино кӯчонида шавад. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс ин ҳамларо маҳкум кард ва аз Исроил хоҳиш кард, ки далелҳо пеш орад. "Мо ҳеҷ нишонае надоштем, ки Ҳамос дар ин бино буд ва ё дар он коре мекард", гуфта шудааст дар изҳороти Ассошиэйтед Пресс. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз шумораи қурбониёни мулкӣ дар ҷангҳои Ғазза изҳори нигаронӣ кард ва аз зарбаи Исроил ба бинои дорои дафтарҳои кормандони расонаҳо "шадидан нороҳат шуд".

Блогери қазоқ пас аз навиштаҳои ҳаҷвӣ дар Instagram боздошт шуд

Темирлан Энсебек, блогери қазоқ

Пулиси Қазоқистон як блогерро барои навиштаҳои ҳаҷвӣ дар Instagram боздошт кардааст.

Мақомот дар шаҳри Алма Ато манзили Темирлан Энсебекро кофтукоб кардаанд ва таҷҳизоти ӯро мусодира кардаанд. Дар ин бора ҳамсараш ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Энсебек узви гурӯҳи "Оян, Қазоқистон" (Қазоқистон бедор шав!) аст, ки ислоҳот дар ин кишвари Осиёи Марказиро мехоҳад.

Чанд тарафдори блогер дар назди идораи полисе, ки ӯро бозпурсӣ мекарданд, эътироз карданд. Ҳамсари Эсенбек гуфт, ки ӯро эҳтимолан бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки тартиботи ҷамъиятиро дар хатар мегузорад, боздошт кардаанд.

Навиштаҳои ӯ дар Инстаграм ҳазф шудаанд. Ӯ воқеаҳои сиёсӣ дар ин кишварро ба риштаи ҳаҷв мекашид ва онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешуданд.

Лукашенко тасмим дорад, ки бо Путин вохӯрад

Александр Лукашенко, президенти Беларус ва Владимир Путин, президенти Русия

Александр Лукашнеко, президенти Беларус тасмим дорад, ки охири моҳи май бо Владимир Путин, президенти Русия мулоқот кунад.

Нашрияи “Коммерсант” навиштааст, ки мулоқоти ду президент охири моҳи май дар назар гирифта шудааст ва ин сафари сеюми Лукашенко дар як соли ахир ба Русия хоҳад буд.

Ду ҷониб ҳамкориҳои муштаракро баҳс хоҳанд кард.

Дар пайи саркуби эътирозҳо муносибати кишварҳои ғарбӣ бо ҳукумати Лукашенко сард шудааст ва Беларус таҳти таҳримҳо қарор дорад.

Тибқи як фармони Лукашенко аз 15-уми май, ин кишвар қарор аст, ба арзиши 100 миллиард рубл (1,35 миллиард доллар) дар Русия вомбарг фурушад.

Талошҳои Лукашенко барои ҳамкорӣ бо Русия дар ҳоле бештар шуд, ки пас аз интихоботи баҳсбарангези моҳи августи соли 2020 дар Беларус мардум эътироз карданд.

Эътирозгарон бар ин назаранд, ки Лукашенко, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, бо роҳи ғайриқонунӣ худро ғолиби интихобот донистааст. Дар ин эътирозҳо талаби истеъфои Лукашенко садо дод.

Пас аз оташбаси серӯза дар Афғонистон ҷанг дубора сар шуд

Шаҳри Лашкаргоҳ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон

Ҷанг миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон 16-уми май дар вилояти ҷангзадаи Ҳилманд дубора оғоз шуд.

Толибон ба муносибати иди Фитр се рӯз оташбас эълон карданд, ки имрӯз он ба поён расид.

Атоуллоҳ Афғон, раиси Шурои вилояти Ҳилманд ба хабаргузории “AFP” гуфтааст, ки “ҷанг субҳи барвақти имрӯз сар шуд ва то ҳол идома дорад.”

Ӯ гуфт, ки Толибон ба дидбонгоҳҳои нерӯҳои амниятӣ дар Лашкаргоҳ, маркази вилоят ва дигар навоҳӣ ҳамла кардаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки амалиётро нерӯҳои давлатӣ оғоз карданд, вале онҳоро гунаҳкор мекунанд.

Давоми се рӯзи оташбас дар ҳамлае дар як масҷид дар Кобул 12 намозгузор ҳалок шуданд. Гурӯҳи тундрави ДОИШ ҳамларо бар душ гирифт.

Мақомоти Афғонистон аз моҳи сентябри соли 2020 бо гурӯҳи Толибон дар Қатар музокира мекунанд. Онҳо ҳанӯз ба натиҷае нарасидаанд.

ИМА дар пайи чунин музокирае ба созиш расид, ки хоки Афғонистонро тарк мекунад ва Толибон бо давлат барои сулҳ музокири намуда, ба ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Афғонистон паноҳгоҳ намедиҳанд.

Қарор аст, то 11-уми сентябр пас аз 20-соли ҳузур нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд.

Нетаняҳу гуфт, ҳамла ба Ғазза "то даме, ки лозим аст", давом мекунад 

Байтулмуқаддас пас аз ҳамлаҳо

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, бо вуҷуди даъватҳо ба сулҳ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва Вашингтон, гуфт, ки муқобилият бо гуруҳи исломгарои “Ҳамос” "то даме, ки лозим аст", давом хоҳад кард.

Нетаняҳу ин ҳушдорро пас аз ҳамлаҳои рӯзи 15-уми май ба қароргоҳи фармондеҳони гуруҳи “Ҳамос” дод.

Ӯ гуфт, ки “шумо наметавонед пинҳон шавед, на дар болои замин, на дар зери замин”.

Исроил рӯзи 15-уми май дар як ҳамла ба бинои баландошёна дар Ғазза қароргоҳи расонаҳои байналмилалиро тахриб кард.

Дар натиҷаи ҷанг дар Ғазза 145 нафар фавтидааст, ки 41 нафари онҳо кӯдаконанд. Беш аз ҳазор нафар дар Ғазза маҷрӯҳ шудаанд.

Исроил аз кушта шудани 10 нафар, аз ҷумла ду кӯдак хабар додааст. Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз талафоти ғайринизомиён изҳори нигаронӣ кард ва аз ҳамлаи Исроил ба дафтари расонаҳо “шадидан нороҳат шуд”.

Ҷо Байден, президенти ИМА бо Нетаняҳу ва Маҳмуд Аббос, президенти Фаластин суҳбат намуд ва ба хатми муноқишаҳо даъват кард.

"Бо садо ва симои зебо". Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик даргузашт

Назирмад Мӯсоев дар филми "Ӯ маро хӯш дошт" ("Я ей нравлюсь"). Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, дар синни 69-солагӣ аз дунё даргузашт.

Маросими дафни ӯ, имрӯз, 16-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ӯ дар даҳҳо филм дар замони шуравӣ ва дар замони истиқлол нақш офаридааст.

Қурбон Собир, ҳунарманди тоҷик ва яке аз дӯстони Мӯсоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз ҳеҷ беморие шикоят надошт, вале сабаби маргаш сактаи қалбӣ гуфта мешавад.

“Ӯ ҳунарманде набуд, ки гӯем, фалон нақшаш хуб буд ва фалон нақшаш хуб набуд. Ҳама корҳояш хуб буд. Меъёри ҳақиқати бознигарӣ дар ҳама корҳояш буд. Метавонист, филм чандон хуб набошад, ё филмнома хуб набошад, аммо ҷое, ки ӯ нақш меофарид, ҳама кор хуб буд.”,--гуфт ӯ.

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, Назирмад Мӯсоев соли 1985 пас аз нақшофарӣ дар филми “Ӯ маро хуш дорад” ("Я ей нравлюсь") маъруф шуд.

“Ӯ ба синамои мо ҳамчун як чеҳраи киноӣ ворид шуданд. Чеҳра ва садои зебояшон коргардонҳоро мафтун карда буд. Дар солҳои истиқлол ҳам хеле фаъол буд. Ҷавонҳо ҳамеша ӯро барои нақшофарӣ дар филмҳо даъват мекарданд. Беғараз буданд. Ҳатто нархи нақшофариро намепурсид. Аз ӯ касе ҳарфи нохуб нашунидааст. Ҳамеша табассум дар лабаш буд. Ҳар рӯз сари кор меомад ва дар кинову дар театр фаъол буданд.”,--гуфт Сафар Ҳақдодов.

Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди халқии Тоҷикистон, корманди театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд.

Намоишномаҳои “Панҷ зани Хоҷа Насриддин”, “Тарма”, аз ҷумлаи саҳнаҳои театрӣ буданд, ки дар ду соли ахир ӯ дар онҳо нақш бозидааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG