Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тифлис ба тарафи Буш норинҷаки дастӣ партофта шудааст


Хадамоти махфии Иёлоти Муттаҳида, ки масъули амнияти президенти Амрико Ҷорҷ Буш аст, мегӯяд, партоби эҳтимолии бами дастиро ба тарафи Буш ҳангоми суханронии ӯ дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон , мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Баъд аз рафтани Буш аз Тифлис, мақомоти гурҷӣ ба хадамоти махфии Амрико гуфтаанд, ашёе монанд ба норинҷаки дастӣ ба фосилаи 30 метр аз минбари суханронии Буш партофта шуда, аммо натаркидааст. Як афсари хадамоти амнияти Гурҷистон онро аз замин бардошта, аз маҳали ҳодиса дур бурдааст.
Буш аввалин президенти Амрикост, ки ба Гурҷистон сафар кард. Вай дар нутқи худ дар Тифлис Инқилоби садбаргии Гурҷистонро машъали озодии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон номид. Буш ҳамчунин гуфт, аз кӯшишҳои Гурҷистон дар хурӯҷи нирӯҳои Русия аз қаламраваш пуштибонӣ хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Каромат Шарипов: "Ихроҷи ман аз Русия одамфурӯшӣ аст!"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:27 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG