Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи иҷлоси сарони кишварҳои муштаракулманофеъ


Нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди Кишварҳои Муштракулманофеъ рӯзи якшанбе дар шаҳри Маскав бо имзои эъломияи ҳамкориҳои башарӣ ба поён расид ва дар эъломия гуфта мешавад, ин кишварҳо дар ҳамкориҳои худ ба тавсиаи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ, забон, илм, таҳсилот, иттиллоърасонӣ, варзиш ва ҷаҳонгардӣ аввалият медиҳанд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раииси ҷумҳури Русия, ин эъломия барои ҳамкориҳои башарӣ ва рушди робитаҳои мустақим дар густураи кишварҳои муштракулманофеъ мусоидат хоҳад кард. Ба эъломия аз ҷониби Тоҷикистон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов имзо гузошт.
Эмомалӣ Раҳмонов барои ширкат дар ҷаласаи Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракулманофеъ ва таҷлили 60-солагии ғалабаи Иттиҳоди Шӯравиӣ бар Олмони фашистӣ вориди Маскав шуд.
Пас аз анҷоми иҷлос руасои ҷумҳури кишварҳои муштракулманофеъ дар Театри бузурги Маскав бо собиқадорони ҷанг мулоқот ва консерти идона тамошо карданд. Дар ин мулоқот ва консерт аз Тоҷикистон 5 нафар собиқадори ҷанг ширкат доштанд. Дар маросимҳои Маскав раиси ҷумҳури Гурҷистон Михайл Саакашвилӣ ширкат надорад. Вай дар эътироз ба идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Гурҷистон ба Маскав наомадааст. Раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар робита ба мушкили Озарбойҷон ва Арманистон дар масъалаи Кӯҳистони Қаробоғ аз ҳузур бо Роберт Кочарян дар Маскав дар як иҷлос худдорӣ кардааст. Иҷлоси сарони кишварҳои муштракулманофеъ дар Маскав дар ҳошияи баргузории маросимҳои идона дар шаҳрҳои бузурги Русия доир гардид. Тантанаҳои асосии 60-солагии пирӯзӣ бар Олмонӣ фашистӣ 9 май барномарезӣ шудааст. Дар он намояндагони баландпояи беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG