Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти ҷангноманависи шинохтаи тоҷик


Раҳмон Сафар, ягона ҷангноманависи тоҷик рӯзи панҷшанбеи 5 май дар арафаи таҷлили 60-умин солгарди пирӯзии артиши шӯравӣ бар фашизми Олмон дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Маҷид Салим, нависандаи тоҷик мегӯяд, заҳмати офарандагии Раҳмон Сафар баробар ба як кори донишгоҳи таҳқиқотӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, гирд овардани асноди муҳим ва нопадидгашта дар бораи ҷанговарони тоҷик, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷиҳати ҳифзи марзу буми ватани бекарони шӯравӣ сина сипар кардаанд, арзанда ва қиматтарин сарсупурдагӣ барои миллати тоҷик буд.
Дар китоби ӯ «Ҳазору Як Корнома» ном ва қаҳрамонии ҳудуди 50 ҳазор фарзандони Тоҷикистон, ки дур аз сарзамини худ, ҷон супурда ва ё гумном шудаанд, дубора эҳё шудааст. Ба гуфтаи Маҷиди Салим, Раҳмон Сафар, барои зинда кардани ин номҳо пайраҳаи фарзандони 60 сол қабл дар ин ҷанг қурбонгаштаи тоҷикро дубора қадам зада ва ҳазорон маъхази таърихи он ҷангро варақ задааст.
Нуруллои Абдулло, ҳунарманди тоҷик, як нафар аз наздикони Раҳмон Сафар мегӯяд, ҷангноманависи марҳум дар мавриди фарорасии марг низ ба сар хиёли идомаи корноманависии сарбозони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дошт.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG