Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ - хатарноктарин кишвар барои хабарнигорон


Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, ки марказаш дар шаҳри Париж аст, дар гузориши худ мегӯяд, Ироқ барои рӯзноманигорон ҳамчунон хатарноктарин кишвари ҷаҳон боқӣ мондааст. Соли гузашта дар ин кишвар 19 рӯзноманигор кушта, 12 нафари дигар рабуда шуданд. Ин созмон раҳбарони Русияву Белорус, Қазоқистону Туркманистон ва Узбакистонро заминасоз ва масъули мустақими нақзи озодии матбуот дар кишварашон номидааст. Паскал Бонамур - мудири бахши Аврупо дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, баъд аз инқилоби норинҷӣ дар Украин ва инқилоби Қирғизистон вазъи озодии матбуот дар Осиёи Марказӣ бадтар шудааст:
"Ман фикр мекунам, ки ба сабаби вазъи геополитикӣ вазъ бадтару бадтар мешавад. Ба вижа дар охири соли 2004 дар кишварҳои шӯравии собиқ вазъ мутташанниҷ буд. Бисёре аз рӯзноманигорони мухолиф боздошт шуданд. Баъзеҳо лату кӯб шуданд."
Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, Эрон беш аз ҳар кишвари дигар дар Ховари Миёна рӯзноманигоронро дар соли 2004 зиндонӣ кардааст. Соли 2004 дар ин кишвар 13 рӯзноманигор зиндонӣ ва 60 рӯзноманигор барои бозпурсӣ ба пулис, ё додгоҳ даъват шудаанд.
Нурмуҳаммади Холзода
XS
SM
MD
LG