Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозёфти 8 бомбаи нотаркидаи хӯшаӣ дар ноҳияи Рашт


Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон поксозии бархе аз мавзеъҳои ноҳияи Раштро дубора шурӯъ кард. Афсари ин марказ Розиқ Раҳимов гуфт, дар ду рӯзи охир ҳашт дона бомбаи нотаркидаи хӯшаӣ дарёфт ва безрар гардонда шуд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 24-уми апрел се навҷавони тоҷик дар минаҳои замони ҷанги дохилӣ, дар ноҳияи Рашт, таркида, сахт маҷрӯҳ шудаанд. Хабари шурӯъи поккорӣ аз минаҳо бо эълони пешинаи
Маркази милли зидди минаи Тоҷикистон мухолифат дорад, ки гуфта буд, бо сабаби камбуди сармоя иҷрои барномаҳои поксозиро дар шарқи кишвар ба ақиб андохтааст.
Дар ин байн танҳо дар минаҳои ноҳияи Рашт, аз соли 1997 то ҳоло 30 нафар таркид, ки 21 нафари онҳо ба ҳалокат расид.
Ва дар 13 соли гузашта 239 нафар аз чунин таркишҳо нохоста куштаву 230 нафар маъюби якумрӣ гаштааст.
Маҳмуди Шодӣ, ноҳияи Рашт
XS
SM
MD
LG