Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Искандаров қазияи боздошту интиқоли ӯро нақл карданд


Вакилони мудофиаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси боздоштшудаи Ҳизби демократи Тоҷикистон, пас аз аввалин мулоқот бо ӯ дар маҳбаси вазорати амният, дар шаҳри Душанбе, рӯзи 30-юми апрел қазияи боздошт ва интиқоли Искандаровро, ки худаш нақл кардааст, ба хабарнигорон ҳикоят карданд. Аъзам Бадриддинов ва Ширинмоҳ Ибронова гуфтанд, Искандаров рӯзи 16 апрел дар шаҳри Маскав аз тарафи нафарони номаълуми аврупоисимо дар либоси мулкӣ боздошт шуда, як шаб дар як сауна нигоҳ дошта, рӯзи дигараш дар ҷангалзоре ба гурӯҳи дигар супурадаанд. Гурӯҳи дуюм ӯро 17 апрел бо ҳавопаймое, ки дар салони ҷойдоштаи онҳо ба ҷуз ӯ ва посбононаш касе набуд, интиқол додаанд. Искандаров гуфтааст, ки ӯро бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташ ба Душанбе оварданд.
Ширинмоҳ Ибронова ва Аъзам Бадриддинов гуфтанд, тасмим доранд, бо Анна Савитская, вакили дифои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Русия дар тамос шавем ва асноди нафари зери ҳимояи худро мавриди таҳқиқ қарор диҳанд. Ширинмоҳ Ибронова ва Аъзам Бадриддиновро хешовандони Искандаров вакили дифои ӯ интихоб кардаанд, ки онҳо адвокатҳои маслиҳатхонаҳи ҳуқуқии ноҳияи ба номи Исмоили Сомонӣ мебошанд.
Бароти Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG