Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави Тоҷикистон барои кишоварзони қарздор


Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, ҳукумати ин кишвар бо қабули як барнома мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои фермерии пахтакорро то панҷ соли дигар тамдид кард. Раиси Бонки Миллӣ 28 апрел ҳангоми нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе паст гаштани ҳосилнокии пахтаро дар чанд соли ахир сабаби аслии қарздор мондани хоҷагиҳои пахтакор дар назди сармоягузорони маҳалливу хориҷӣ номид ва гуфт, маблағи умумии ин қарзҳо 218 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Оқои Алимардонов афзуд, бо ҳадафи кӯмак ба хоҷагиҳои фермерӣ Бонки Миллӣ низоми нави қарздиҳиро таҳия сохтааст ва акнун бар асоси он хоҷагиҳои пахтакори фермерӣ имкон доранд, бидуни миёнарав аз се ниҳоди ҷудогонаи молӣ қарз дарёфт намоянд.Ба эътиқоди раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, гирифтани қарз аз ниҳодҳои махсуси молӣ вазъи душвори феълии хоҷагиҳои пахтакорро беҳтар мегардонад.
Раиси Бонки Миллӣ доир ба нишондиҳандаҳои рушди макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон гуфт, дар се моҳи соли равон афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8¸7 ва меъёри таваррум 1,8 дарсадро ташкил додааст. Муродалӣ Алимардонов ҳамчунин гуфт, захоири тиллоиву арзии кишвар 180 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ин маблағ ҷиҳати пардохти қарзҳои берунаи кишвар истифода мешавад.
Бино ба иттилои Бонки Миллӣ, аз соли 1995 то кунун Тоҷикистон аз ин ҳисоб 110 миллион доллар қарзи худро пардохт намудааст. Муродалӣ Алимардонов гуфт, Бонки Миллӣ қасд дорад, захоири арзиву тиллоии худро то ба 200 миллион доллари амрикоӣ афзоиш бидиҳад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG