Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инқилоб хушбахтист ва ё бадбахтӣ? Алберт Эйнштейн аз назари тоҷикон.


ВОЖАИ "ИНҚИЛОБ"

Агар диққат дода бошед, мо ҳамеша, рӯйдодҳои Қирғизистон мегӯем, дар ҳоле ки баъзеҳо инқилоби лолаҳо, инқилоби рангоранг ва ё табаддулоти давлатӣ, ошӯби мансабталошон мегӯянд. Аммо чаро рӯйдодҳои Гурҷистон инқилоби садбаргҳо будааст, Украина -- инқилоби норанҷӣ, вале Қирғизистон -- як чизи нофаҳмо? Ва чаро дар пайванд бо ин се рӯйдод вожаи "инқилоб" аз нав сари забонҳо омад. Аслан инқилоб чист ва чиро бояд инқилоб номиду чиро балво. Саволи инқилоб чист, яке аз мавзӯъҳои асосӣ дар бахши моҷарошиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва ҳамнафаси мо дар Душанбе, Раҳматкарими Давлат шоҳид буд, ки чӣ тавр устод аз шогирд чунин суол мекард ва шогирд посух медод, ки вақте ҳуқуқи инсонҳо поймол мешавад, вақте онҳо ба ҳукумати худ бовар намекунанд ва вақте ки онҳо ба хашм меоянд, даст ба инқилоб мезананд.

ИНҚИЛОБ ҲАМЧУН ЗУҲУРИ ХАШМ

Як шунавандаи мо инқилобро ба аждаҳои азим монанд кардааст, ки хашму ғазаб онро ба ҳаракат овардаанд. Ва як таҳлилгар мегӯяд, дар бораи инқилоб, иштироккунандагони он ҳарфи комил гуфта наметавонанд, зеро онҳоро ҳиссиёт пахш мекунад. Шоҳидон низ, зеро онҳо ба ғайр аз думи як ҳайвони азими ҷаҳанда чизеро нахоҳанд дид. Пас чӣ чиз одамро ба хашм меорад ва вақте ки шумо ба хашм меоед, чӣ кор мекунед? Ба ин саволи мо раҳгузарони Душанбе ба ҳамнафаси мо Сафаргули Олимӣ посухҳои аҷиб ва гуногун доданд.


ИНҚИЛОБ ОФТОБРО МОНАД?

Ҳамзамон бо саволгузорӣ дар хиёбони марказии Душанбе, мо ба воситаи почтаи электронӣ ба мухлисони саҳифаи интернетии худ чунин савол додем: Назари шумо ба мисраи "Инқилоб офтобро монад." Ва ба воситаи почтаи электронӣ аз ҷумла чунин ҷавобҳо гирифтем:

"Салом ба ҳамнафасон,
Ҳарчанд медонам, ки дар ин мисраъ устод Садриддини Айнӣ инқилоби болшевикҳоро дар назар дорад, вале ин гуфтаи ӯ бо сурудаҳои Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ҳамоҳанг аст. Вале ман шахсан, аз ситоиши инқилоб худдорӣ мекунам. Инқилоб падидаи бад аст ва дар заминаи ҳиссиёти ҳайвонии издиҳом ба амал омада, як падидаи ғайриқонунист. Он ҳеҷ гоҳ ба касе хушбахтӣ намеорад."
Муҳайё Содиқова, аз шаҳри Душанбе
------------------------------------------
"Дуруди саршор ба ҳаммеҳанони азиз.
Инқилоб вожаест муқаддас, ки ман шоиста намедонам ҳатто бар забони ҳар бехираде ин вожа ҷорӣ гардад. Аз ин мисраъ чунин бардошт дорам: Зиндагӣ ниёзманди инқилоб аст, ҳамчунон ки ҳамаи ҳастӣ ба хуршед ниёз дорад. Пас ҳар нафас бояд инқилоб намуд. То зиндагӣ сарсабз бошад.
Бештари мардум бар ин андешаанд, ки инқилоб рӯзест, ки дигаргуние дар зиндагии дастае аз мардумон зода гардад, лекин онон фарсахҳо аз ин мурод дуранд, чун инқилоб он аст, ки ҳар нафас бошад. Агар ҳар нафаси одам инқилоб бошад, вай бар вақт ва нафс пирӯз меояд ва ба ҷомеъа нафъи бузург мерасонад. Мардумон ба дастовардҳои бузург бо ҳасад менигаранд ва аммо ба қадри ҳар дақиқаву ҳар сонияи худ намерасанд. Як рӯз мебинанд, ки умрашон ба поён расидааст ва ҳосиле надорад."
Азиз Мансуров, аз Эрон
------------------------------------------
"Салом, барномаи Ҳамнафаси Радиои Озодӣ.
Инқилоб ҳамон вақт ба мисли офтоб буда метавонад, ки он барои аҳли ҷамъият зарур бошад. Агар не, инқилоб оғози ҷанги навин барои мардумон хоҳад буд. Имрӯз Тоҷикистон ба як инқилоби офтобӣ зарурат дорад. Ба ин маънӣ, ки ҳоло халқи тоҷик аз зиндагии сахт ва фармонфармоии бузургманишон ба дод омадаанд. Чунин инқилоб метавонад, офтобмонанд бошад."
Дабир Кабиров, аз шаҳри Хуҷанд
-------------------------------------------
"Салом, ҳамфикрони азиз,
Рости гап, баъд аз хондани саволи пурмазмуни шумо, шахсан ман худамро бесаводтарин тоҷик ҳис кардам. Ба ҳар ҳол мехоҳам, фикри худро баён кунам. Маънии "инқилоб офтобро монад", шояд ин аст, ки инқилоб ба мон офтобро хоҳад дод, яъне ҳама чизро ва дунёро рӯшан хоҳад кард ва ё чашми моро хоҳад кушод, то дунёро бубинем."
Хуршед Муҳиддинов, зодаи яке аз ноҳияи минтақаи Кӯлоб
------------------------------------------------

"Ассалому алейкум ва ташаккури зиёд, ки ба ман боварӣ карда, ин саволро равон намудед.
Ба фикри ман, дар ин мисраъи шеърӣ инқилоб ба офтоб ташбеҳ дода шудааст, ки мисли офтоб ба ҳамаи кишвар нур мепошад ва тез паҳн мешавад. Ба мисли инқилоби исломии Эрон ва инқилоби фотеҳи Либия."
Карим Каримов
------------------------------------------------
"Вақте ин мисраъи устод Айниро, ки шумо фиристодед, хондам, ташбеҳи беҳтари Лев Толстой, нависандаи машҳури рус ба ёдам омад, ки навиштааст, инқилоб ҷарроҳиест, ки ҳуҷайраи беморро аз бадани миллат мебураду берун меафканад ва дар ҷоио он ҳуҷайраи солимро мегузорад."
Манучеҳр аз Маскав

ИНҚИЛОБИ ЭЙНШТЕЙН

Шаби душанбеи 18-уми апрел ҳамаи онҳое ки Алберт Эйнштейнро эҳтиром мекунанд, дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон дар соати муайян ҳамаи чароғҳои манзил ё коргоҳи худро рӯшан карданд ва чанд дақиқа ба нобиғаи садаи бистум розу паёму дуъо фиристоданд. 18-уми апрел ба даргузашти Эйнштейн 50 сол пур шуд. Маълум гашт, дар Тоҷикистон аз ин маъракаи мардумии ҷаҳонӣ, ки ташаббуси ягон ҳукумат нест, хабар надоранд, ҳарчанд ба гуфтаи ҳамкорам Абдураҳими Умарзод, сатҳи огаҳӣ аз шахсият ва корномаи Эйнштейн ба андозаи кофӣ баланд аст. Вай дар бораи шинохти корномаи Эйнштейн дар Тоҷикистон гузориш дод. Худи Эйнштейн мегуфт, маро намешиносанд, физикҳо маро математик мешуморанд ва математикҳо физик ва ҳеҷ кадоми онҳо маро ба маҳфили худ намехонад. Зимнан, Созмони Милали Муттаҳид чанд сол як лавҳа нашр карда буд, бо акси Эйнштейн ва чунин зернавис: Ӯ ҳам паноҳанда буд.

ПАНДИ ХИРАДМАНДОН

Нависандаи фаронсавӣ Антуан Риварол ҳикмате дорад, ки ин гуна аст: "Инқилобҳо аксаран на ба он сабаб сар мезананд, ки як тараф бомаърифаттар шудааст, балки барои он сар мезананд, ки тарафи дигар номаъқулиро аз ҳад гузаронидааст."
Ва ё Вуайт Филлипс, файласуфи қарни гузаштаи амрикоӣ менависад, "инқилобро касе намесозад, инқилоб худаш меояд".
Ва падари демократия Абраҳам Линколн мегӯяд, "инқилоб яке аз ҳуқуқҳои зотии ҳар халқ аст ва аз он замоне истифода мекунад, ки агар нашуд бо ислоҳот ҳукумати ноӯҳдабарои худро иваз кунад." Бидуни шарҳ, шуморо ба худованди бузург месупорем.
XS
SM
MD
LG