Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадсаид Убайдуллоев такроран раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд


Дар аввалин ҷаласаи палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 15-уми апрел, шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дубора раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ ва ё палатаи болоии порлумони ин кишвар интихоб шуда, ноибони ӯ ва раисони кумитаҳои порлумон муайян гаштанд. Ҷаласаи нахустинро ҳамчун кӯҳансолтарин узви порлумон, собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов боз намуда, номзадии Убайдуллоевро ба раисии Маҷлиси миллӣ пешниҳод кард ва вакилони порлумон бе номзади иловагӣ бо ҳамовозии комил аз ин номзадӣ пуштибонӣ намуданд.
Раиси Маҷлиси миллӣ ва ё палатаи болоии порлумони кишвар, тибқи Сарқонун нафари дуввуми давлат ба ҳисоб рафта, дар ҳолатҳои зарурӣ масъулияти раисиҷумҳурро то баргузории интихоботи президент ба ӯҳда хоҳад гирифт. Раиси вилояти Суғд Қосимҷон Қосимов муовини аввал ва раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов ноиби раиси Маҷлиси миллӣ баргузида шуданд. Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон инчунин сарони кумитаҳои соҳавии порлумонро низ интихоб карданд.
Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG