Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои "Гол!" дар фазои майдонҳои футболи Тоҷикистон


Мавсими имсолаи футбол дар Тоҷикистон бо рақобат миёни дастаҳои лигаи олӣ шурӯъ шуд. Бо гузашти ду даври бозиҳо дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва ЦСКА-и Душанбе, ки ҳар кадом шашхолӣ ба даст овардаанд, дар садри аввали ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар қарор доранд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи молиии дастаҳо тасмим гирифт, мусобиқоти соли равонро бо ширкати танҳо 10 даста ва дар ду давра баргузор кунад. Ин дар ҳолест, ки дар мусобиқоти порсола 12 даста дар 4 давра рақобат карда буданд.

Ба андешаи Иштван Секеч, сармураббии ЦСКА - тими Вазорати дифоъи Тоҷикистон, мусобиқоти имсола нисбат ба соли гузашта шавқовартар хоҳад шуд. Вай мегӯяд, шумораи дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти лигаи олӣ коҳиш ёфт ва ин бояд ба баланд шудани маҳорати касбии ҳамаи дастаҳо мусоидат намояд. Иштван Секеч аз натоиҷи бозиҳои нахустин изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, имсол ба ҳайати даста бозингарони пуртаҷриба, ба мисли Пирмурод Бурҳонов, Зафар Зубайдов ва Ҷамшед Ҳабибуллоев қабул шуданд ва бо омадани чунин бозингарони моҳир даста бозиашро комилан тағйир дод ва сифати бозиаш, ба ақидаи оқои Секеч, хеле беҳтар шуд. Ӯ мегӯяд, ЦСКА имсол барои дарёфти ҷоизаҳои мусобиқот талош хоҳад кард.

Мураббии варзида таъкид кард, ки ояндаи дастаҳои касбӣ ва умуман футболи тоҷик ба рушди футбол дар миёни кӯдакону наврасон бастагӣ дорад ва дар ин самт феълан танҳо дар шаҳри Турсунзода ва дар ЦСКА корҳое анҷом дода мешавад.

Ҳамсӯҳбати дигари мо Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар-ТадАЗ», мегӯяд, дастааш ба мусобиқоти имсола хуб омодагӣ гирифтааст ва барои дарёфти медалҳои тиллои мусобиқот мубориза мебарад: "Дар ҳайъати даста беҳтарин футболбозони тоҷик, аз қабили Аҳлиддин Турдиев, Сӯҳроб Ҳамидов, Шӯҳрат Ҷабборов, ки ба тими миллии Тоҷикистон шомиланд, ҳунарнамоӣ мекунанд. Сарпарасти даста - корхонаи алюминсозии Тоҷикистон барои аьзои даста тамоми шароити заруриро муҳайё сохтааст".

Ва аммо Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар мусобиқоти имсола низ теъдоди дастаҳои пурқувват кам аст ва чун дар солҳои пешин мубориза барои медалҳои мусобиқот ғолибан байни 3 - 4 даста сурат хоҳад гирифт. Ба назари Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, вазъи номувофиқи майдонҳои футбол низ боиси ташвиши бозингарону мураббиён гаштааст.

Ба ин тартиб мутахассисону мураббиёни варзидаи соҳа бо вуҷуди баъзе камбудиву норасоиҳо аз мавсими нави футбол дар Тоҷикистон натиҷаҳои назаррасро чашмдоранд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG