Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ раиси Маҷлиси Намояндагон хоҳад шуд, вазъи бӯҳронии Тоҷикистон ва гуноҳи муассисони рӯзномаҳо


САБАБИ АЗ МАЙДОН ХОРИҶ ШУДАНИ НАШРИЯҲО АЗ НАЗАРИ "ЗИНДАГӢ"
Нашрияи «Зиндагӣ» дар матлабе бахшида ба иди матбуоти тоҷик ба сабабҳои дер напоидани нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон пардохта навиштааст, ки дар аксар маврид нашрияҳои мустақил бинобар нодида гирифтани ду ҷиҳати кор, яке одоби журналистӣ ва риоя накардани қонун аз фаъолият бозмемонанд. Ба назари нашрия, муассисону сарпарастони ҳафтаномаҳо ба хотири дарёфти маблағи зиёд дар баъзе маворид бо ҳар роҳ аз супурдан андози давлатӣ саркашӣ мекунанд ва ё аз ягон ҳиллаи дигар кор мегиранд, ки ин хилофи қонун аст.

"ВА БАҲСИ "ЗИНДАГӢ" ДОИР БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИКИСТОН"

Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Зиндагӣ» дар матлаби дигаре аз кавли Ҳаёт Давлатов - раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон навиштаааст, ки «Бухорои Шариф» аввалин рӯзномаи тоҷикӣ нест. Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ гуфтааст, Ҳаёт Давлатов на соли 1912, балки соли 1865 дар шаҳри Калкутта ба нашр мерасид. Гузашта аз ин афзудааст мусоҳиби «Зиндагӣ», дар ҳамон солҳо дар шаҳрҳои Мисру Боку низ рӯзномаҳо ба забони тоҷикӣ ба нашр мерасиданд. Раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ин гуфтааст, ки ин созмон дар талоши он аст, ки дар оянда иди матбуоти тоҷик на 11 март, балки рӯзи нашри ҳамин нашрияҳо таҷлил гардад.

"НАҶОТ" ВАЗЪИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОНРО БӮҲРОНӢ НОМИДААСТ"

«Наҷот» дар пасманзари интихоботи порлумонии Тоҷикистон вазъи феълии сиёсии кишварро бӯҳронӣ номидааст. Вақте панҷ ҳизби сиёсӣ аз шеваи баргузорӣ ва натоиҷи интихобот норозигӣ изҳор медоранд ва шикояти расмӣ мефиристанд, ин баёнгари вуҷуди бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад, навиштааст "Наҷот".
Аммо ҳукуматдорон афзудааст "Наҷот", чунин вонамуд мекунанд, ки ин гуфтаҳо ва эътирозҳо асос надоранд.

"КӢ РАИСИ НАВИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ХОҲАД ШУД?"

Бо ин ном ва чопи аксҳои ҳашт номзади эҳтимолӣ аз ҳисоби вакилони тозаинтихоб «Азия Плюс» ба баррасии имконоти ин номзадҳо барои интихоб шудан ба мақоми раиси нави Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пардохтааст. Нашрия аз Абдумаҷид Достиев, Сайдулло Хайруллоев, Сафаралӣ Раҷабов, Юсуф Аҳмадов, Олим Салимзода, Шукурҷон Зуҳуров, Муҳиддин Кабирӣ ва Убайдулло Давлатов ба унвони раиси эҳтимолии Маҷлиси Намояндагон ном бурдааст. Вале бо таваҷҷӯҳ ба ин ки одатан ба ин мақом намояндаи навоҳии шарқи Тоҷикистон баргузида мешавад, «Азия Плюс» аз ин миён имкони интихоб шудани се номзад Муҳиддин Кабирӣ, Шукурҷон Зуҳуров ва Убайдулло Давлатовро ба ин симмат бештар воқеӣ арзёбӣ намудааст.
XS
SM
MD
LG