Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чор нафар бо иттиҳоми қочоқи тифл


Бино ба иттилоъи хабаргузории "Франс Пресс", кормандони милисаи Тоҷикистон чор нафар, аз ҷумла ду табиб ва як модари ҷавонро боздошт карданд, ки кӯшиши фурӯхтани кӯдак ба маблағи 300 долларро доштанд. Ба қавли вазорати умури дохилии Тоҷикистон, духтарак ҳамагӣ чанд соат пеш ба дунё омада будааст. Ҳамин манбаъ афзудааст, табибон, модари духтарак ва зане, ки мебоист кӯдаки навзодро харидорӣ намояд, ба ҳабс гирифта шуданд. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон барои қочоқи тифл шахсони муҷрим ба муддати камаш панҷ сол аз озодӣ маҳрум мешаванд.
Искандари Хоҷа Мирзода, Прага
XS
SM
MD
LG