Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СМ гузориши марбут ба маводи мухаддирро ба мақомоти Тоҷикистон муаррифӣ кард


Ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Уилям Пейтон дар муаррифии гузориши нави Бунгоҳи зидди маводи мухаддири СМ дар шаҳри Душанбе гуфт, киштзорони хашхош дар Афғонистон аз 80 ҳазор ба 130 ҳазор гектар расида, дар соли гузашта дар ин кишвар 4 тоннаву 200 килогарм маводи мухаддир тавлид шудааст. Пейтон ҳамчунин гуфт, кишти хашхош ҳоло ба дурдасттарин ва душворгузартарин манотиқи Афғонистон роҳ ёфтааст. Тибқи гузориши нави СММ бо вуҷуди паст фуромадани нархи маводи мухаддир, боз ҳам қимати 1 килограми он ба 100 доллар мерасад, ки аз 50-60 доллари охири солҳои навадум бештар аст. Ҷаноби Пейтон инчунин аз он изҳори ташвиш кард, ки интиқоли моддаҳои кимиёӣ ба Афғонистон, ки дар тавлиди ҳероин ба кор бурда мешаванд, рӯ ба афзоиш аст. Дар робита ба муаррифии гузориши Бунгоҳи СМ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе гуфта шуд, ки ба тахмини коршиносон аз се як ҳиссаи ин маводи тавлидкардаи Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон ба Русия ва Аврупо интиқол хоҳад ёфт. Ба ин муносибат, гуфта шуд, нирӯҳои марзбон ва ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва Бунгоҳи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро талошу бархӯрдҳои ҷиддие дар пеш аст.
Холиқи Сангин
XS
SM
MD
LG