Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари пахтачинии маҷбурии кӯдакон бештар аз хатари маводи мухаддир?


"Пажӯҳишҳо собит мекунанд, ки 40 дар сади ҳосили солонаи пахта дар Тоҷикистон бо дасти атфоли синни мактабӣ ҷамъоварӣ мешавад. Мо аз ин вазъ шадидан нигарон ҳастем", мегӯяд Ҷоу Чемберлейн, котиби дуюми сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дар ҳоле ки Созмони ҷаҳонии бӯҳроншиносӣ ва вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамзамон ду гузориши ташвишовар дар ин бора нашр кардаанд.

Онҳо гуфтаанд, ки ин маъракаҳои маҷбурӣ барои наврасони кишвар мушкилҳои сиҳҳативу иҷтимойии зиёд эҷод мекунанд. Майкл Ҳолл, таҳлилгари Созмони ҷаҳонии буҳроншиносӣ, мақарраш дар Душанбе дар суҳбат ба барнмоаи "Ояндасоз" дар ин замина гуфт, маъракаҳои чандмоҳаи чиниши пахта ба сиҳҳативу таҳсили муҳассилон зарари зиёд дорад. Ҳукумати Тоҷикистон, ба вижа райиси ҷумҳури ин кишвар гуфтааст, ки истифодаи мактабиён дар маъракаҳои пахтачинӣ як амали ғайриқонунӣ аст, дар ин замина дар қонуни маорифи кишвар ҳам зикри бахусус шудааст.

Дар гузориши Созмони ҷаҳонии буҳроншиносӣ як нуктае қайд шудааст, ки хеле ҷолиб аст, ин ниҳод мегуяд, ки барои барномаҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон маблағи зиёд масраф мешавад, аммо ба андешаи Майкл Ҳолл хатаре ки аз чиниши пахта бармеояд, аз он ба маротиб бештар аст.
Ва дар ниҳоят, ин созмон ба ҳукумати Тоҷикистон машварат медиҳад то худи низоми кишти пахтаро дар кишвар бознигарӣ карда, риояи уҳдадориҳояшро аз руйи Эъломияи манъи шаклҳои вазнини кори кӯдак фаромӯш накунад. Тафсилоти бештарро дар барномаи Ояндасози Радиои Озодӣ шунавед.
Хиромони Бақозода
XS
SM
MD
LG