Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши солонаи вазорати хориҷаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон


Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонааш дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон менависад, ин кишвар ҳамчунон аз сӯи як давлати худкома идора мешавад, ки бархе аз ниҳодҳои демократӣ, аз ҷумла Қонуни Асосӣ ва низоми сиёсии чандҳизбӣ бо шумули аҳзоби сабтиномшудаи мухолифи давлатро дар кишвар ҷорӣ кардааст. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ва як доираи ҳомиву вафодор ва наздик ба ӯ ҳамчунон бар давлат тасаллут доранд, омадааст дар ин гузориш. Ин гузориш мегӯяд, интихоботи порлумонии соли 2000 на мунсифона буд ва на озод.

Гузориши вазорати хориҷаи Амрико меафзояд, ки Қонуни Асосии Тоҷикистон мустақилияти низоми додгоҳии кишварро тазмин медиҳад, вале ин низом дар амал ба маҳзи фишори сиёсӣ аз тарафи мақомоти иҷроия ва фасод бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст. Субот дар кишвар, бино ба ин гузориш, аз замони хатми ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ сол ба сол афзоиш ёфтааст, аммо нирӯҳои амниятӣ таҳти идораи давлат қарор доранд ва ба раисиҷумҳур итоат мекунанд. Гузориши Кохи Сафед мегӯяд, маъмурони амниятӣ дар Тоҷикистон дар тӯли соли 2004 ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар ва аз ҷумла ба шиканҷа дар ҳини бозпурсӣ муртакиб шудаанд.

Гузориши вазорати хориҷаи Амрико дар пай ба баррасии вазъи иқтисодии Тоҷикистон пардохта менависад, иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли гузор аз низоми марказиятёфтаи давлатӣ ба бозори озод қарор дошт ва бештари нирӯи кор дар риштаи кишоварзӣ масруф буд, ки бахши умдаи он ҳамчунон бо низоми колхозӣ идора мешуд.
Бино ба ин гузориш, Тоҷикистон дар соли 2004 башиддат бо фақр дастбагиребон буд ва алорағми 7 сол рушди иқтисодии устувор ҳудуди 57 дарсад аз ҷамъияти ин кишвар ҳамчунон зери хатти фақр ба сар мебурд.

Ин гузориш меафзояд: "Маҷмӯъи маҳсулоти миллӣ бар ҳар сари ҷамъияти Тоҷикистон 180 доллар буда ва мизони рушди маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ дар сол тақрибан 7 дарсад будааст.
Рақами расмии бекорӣ 10 дарсад эълом шуда, аммо созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ин кишвар фаъоланд, тахмин мезананд, ки рақами воқеъии бекорӣ ҳудуди 34 дарсад аст. Қочоқи маводи мухаддир ва фасоди густарда дар сатҳи ҷомиа ҳамчунон як мушкили ҷиддӣ дар соли 2004 боқӣ мондааст.
"

Дар идомаи гузориш омадааст, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳамчунон заъиф буд, аммо дар бархе маворид пешрафтҳое дида шуд. Бо ин васф гузориши вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, ки мушкилоти ҷиддӣ дар вазъи ҳуқуқи башар ҳамчунон дар ҷойи худ боқист: "Ҳаққи атбоъи кишвар дар тағйири давлат ҳамчунон маҳдуд боқӣ монд. Нирӯҳои амниятӣ зиндониёнро мавриди озор, шиканҷа ва латукӯб қарор медоданд. Ҳамчунин ин нирӯҳо масъули таҳдид, ришвахорӣ ва бадрафторӣ дар қиболи мардуми оддӣ будаанд.
Шароити зиндонҳо ҳамчунон бад боқӣ монд ва зиндониёнро бо хатароти ҳаётӣ мувоҷеҳ сохт. Чандин маҳбус дар тӯли соли 2004 дар асари гуруснагӣ ҷон додаанд.
Боздоштҳои беравия ва тӯлонӣ қабл аз маҳкумият дар соли 2004 як мушкили асосӣ боқӣ монда буд. Мақомот бо эъмоли шиканҷа аз муттаҳамон ҳарфи иқрор ба даст оварда, ин эътирофотро ба унвони шавоҳид дар додгоҳ ба кор мебурданд."


Давлати Тоҷикистон, бино ба ин гузориш, дар соли 2004 ҳамчунон озодии баён ва озодии матбуотро маҳдуд сохт ва хабарнигорон барои пешгирӣ аз мушкилоте бо мақомот ағлаб ба худсонсурӣ даст заданд. Ҳамчунин дар бораи чанд маврид хушунат алайҳи хабарнигорон тавассути ашхоси ношинохта гузориш шуд, омадааст дар ин санад.

Вазорати хориҷаи Амрико дар гузоришаш ҳамчунин менависад, ки маҳдудияти озодии мазҳаб ба хусус барои занон ҷараён дошт ва давлат афродеро, ки муттаҳам ба узвият дар як ҳизби тундрави сиёсӣ буданд, боздошт мекард. Давлати Тоҷикистон ҳамчунон иҷозаи сабти ном ба ду ҳизби сиёсиро надод ва муттаҳам ба боздоштҳои афроди сиёсӣ бо ҳадафҳои сиёсӣ шуд, омадааст дар ин гузориш.

Бино ба ин гузориш, баъзе аз созмонҳои байналмилалии пешбурди демократия ва созмонҳои ғайридавлатӣ бо фишори давлат ва мушкилот дар роҳи сабти ном мувоҷеҳ шуданд.

Хушунат ва табъиз алайҳи занон идома дошт ва қочоқи инсон, аз ҷумла қочоқи занон ва кӯдакон, бино ба гузориши вазорати хориҷаи Амрико, як мушкили ҷиддӣ боқӣ мондааст, ки давлат барои ҳалли он дар соли гузашта гомҳои муҳим бардошт. Гузориши вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин менависад, ки дар соли 2004 кӯдакон ҳамчунон маҷбур буданд барои пеш бурдани зиндагии худ кор кунанд ва кори иҷборӣ ба хусус тавассути кӯдакон дар чанд маврид мушоҳида шудааст.

Матни пурраи гузориши вазорати хориҷаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бо забони инглисӣ зери ин хат қобили дарёфт аст.
XS
SM
MD
LG