Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди ҳайъати нозирони САҲА аз ҷараёни интихоботи Тоҷикистон


Ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот баргузории интихоботи порлумонии ин кишварро муғойир бо меъёрҳои аслии байналмилалӣ номид.

Питер Айкер, раҳбари ҳайати мазкур бо эъломи ин матлаб дар нишасти матбуотӣ ба муносибати арзёбии қаблии натоиҷи интихобот гуфт: "Интихоботи рӯзи 27 феврали соли 2005 дар Тоҷикистон мухолиф ба бисёр ӯҳдадориҳои САҲА ва меъёрҳои байналмилалии интихоботи демократӣ сурат гирифт. Ба ҷуз бархе унсурҳое, ки бартариии интихоботи мазкурро аз интихоботи гузашта нишон медоданд, дар ҷараёни интихоботи ахир нуқсонҳои ҷиддие ҷой доштанд, ки ба қонунгузории миллӣ ва тааҳудоти байналмилалии Тоҷикистон мутобиқат надоранд. Аз ҷумла ҳайъати кумиссиюнҳои интихоботӣ натавонистанд боварии васеъи мардумро таъмин созанд Бисёр масъулини кумиссиюнҳо ба ҳизби ҳукмрон пайвастагӣ доштанд, ки ин дар маҷмӯъ мустакилияти кори ин кумиссиюнҳоро зери суол қарор дод. Аз сӯи дигар, маъракаи интихобот ба таври эҳсосшаванда аз ҷониби ашхоси расмии масъули интихобот ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ назорат ва идора шуд.

Ба ду роҳбари шинохтаи мухолифин сарфи назар аз он ки гунаҳгор эълом нашудаанд, пеш аз интихобот имкон дода нашуд, то номзадиашонро пешбарӣ кунанд. Баста шудани чор рӯзномаи мустақил намунаи дахолати расмӣ ба фаъолияти матбуот аст, ки раванди интихоботи демократиро халалдор месозад.
Дар аксар маворид ҳодисаҳои раъйдиҳӣ ба ҷои дигарон ба мушоҳида расиданд. Баргаҳои раъйдиҳӣ дар бисёр қитъаҳое, ки таҳти мушоҳида қарор гирифтанд, таври лозим нигаҳдорӣ ва ҳисоб карда нашуданд."


Оқои Айкер афзуд, нозирон ҷараёни ҳисоби овозҳоро дар 56 дарсади қитъаҳои раъйдиҳӣ бад ва ё хеле бад баҳогузорӣ намуданд. Ба гуфтаи раҳбари ҳайъати нозирони САҲА, ғайривоқеӣ баланд нишон додани теъдоди овоздиҳандагон, истифодаи қалам зимни пур кардани протоколҳо ва эҷоди мавонеъ дар роҳи кори нозирони маҳаллӣ аз дигар мавориди тахаллуф буданд, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ ба мушоҳида расиданд.

Питер Айкер гуфт, ин ҳама маворид ба таври мушаххас дар изҳороти ҳайъати нозирон зикр ёфтааст ва ин гузориш алакай таҳвили мақомоти Тоҷикистон шудааст. Вале гузориши ниҳоӣ ва тавсияҳои нозирони САҲА баъд аз 6 ҳафта нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG