Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИТ: "Тоҷикистон ба интихобот пурра омода ҳаст!"


Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумиссиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон (КМИТ) гуфтааст, ҳама чиз дар кишвар барои баргузории интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе омода ҳаст. Сар аз имрӯз ҳар навъ ташвиқу тарғиби номзадҳо дар саросари Тоҷикистон манъ шуда, онҳо умедворанд, ки интихоботи рӯзи 27 феврал ба Маҷлиси Намояндагон (МН) ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба як дарси демократияву шаффофият барои Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт, афзудааст оқои Болтуев.
Муҳибуллоҳ Додоҷонов, раиси дафтари КМИТ рӯзи шанбе, 26 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таъмини райгирии мардум 3 000 қитъаҳои райъдиҳӣ фаъолият хоҳанд кард ва беш аз 3 миллион баргаҳои раъй бо 3 забони тоҷикиву русиву узбакӣ барои интихобокунандагон чоп ва ба қитъаҳо фиристода шудааст.
Дар маҷмӯъ барои 63 курсии МН 219 номзад вориди рақобат хоҳанд шуд. Раъйгирӣ рӯзи якшанбе аз соати 6 субҳ то 8 шом идома ёфта, ҷараёни онро беш аз 12 000 нозири маҳаллӣ ба намояндагӣ аз аҳзоби сиёсиву созмонҳои иҷтимоӣ ва 439 нозири хориҷӣ, аз ҷумла 207 нозир аз давлатҳои муштаракулманофеъ ва 164 нозир аз САҲА назорат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG