Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъ шудани фаъолияти телевизиони «Гули бодом»-и Конибодом


Дар арафаи баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон Бозрасии давлатии телевизион ва радиои Кумитаи садову симои ин кишвар ба қатъи муваққатии фаъолияти телевизиони ғайридавлатии Конибодом бо номи «Гули бодом» дастур додааст. Баракатулло Абулфайзов - сарвари Бозрасии давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон рӯзи ҷумъа гуфт, ин идора дар пайи шикояти ҳукумати шаҳри Конибодом дар мавриди пахши нобаробари барномаҳои тарғиботии номзадҳои аҳзоби сиёсӣ аз тариқи телевизиони «Гули бодом» барои бозомӯзии ин қазия қатъи муваққатии фаъолияти онро лозим донистааст.

Ба гуфтаи вай, ин дастур тибқи Қонуни интихоботи Тоҷикистон ва муқаррароти Комиссияи Марказии Интихобот, ки баробарии аҳзобро дар мавриди истифода аз ҳама навъи расонаҳои электронӣ кафолат медиҳанд, сурат гирифтааст. Оқои Абулфайзов афзуд: "Дар ҷараёни интихобот ба воситаи телевизиони «Гули бодом» танҳо барномаҳои ду ҳизби сиёсӣ, яке - Ҳизби Коммунистӣ ва дигарӣ - Ҳизби Сотсиал - Демократӣ тарғиб шудааст. Аммо барномаҳои тарғиботии аҳзоби дигар дар ин минтақа аз тариқи телевизиони маҳаллии Конибодом пахш нашудааст. Инчунин, ин расонаи электронӣ бо супориши муассиси худ - ҷамъияти саҳҳомии «Бодом» барномаи тарғиботии як номзади худпешбарӣ аз ҳавзаи инфиродии Конибодомро ҳамарӯза дар ҳудуди бист дақиқаӣ дар барномааш ҷой додааст. Ҳамин далелҳо асос шуданд, ки мо фаъолияти телевизиони «Гули бодом» - ро боздорем."
Аммо Нӯъмонҷон Умаров - муҳаррири телевизиони «Гули бодом» мегӯяд, кормандони ин расонаи электронӣ ба тасмими Бозрасии телевизион ва радиои Тоҷикистон розӣ буда наметавонанд. Вай рӯзи 25 феврал дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, натиҷагирии бозрасиро аз фаъолияти телевизиони «Гули бодом» дар зимни ҷараёни маъракаи тарғиботии интихобот нодуруст ва барвақт меҳисобад, зеро телевизион то рӯзи анҷоми тарғибот вақт ва имкон дошт барномаҳои аҳзоб ва номзадҳои дигарро низ пахш намоянд.

Оғои Умаров афзуд: «То вақти оғози маъракаи тарғиботӣ телевизиони мо борҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо эълон карда буд, биёед, аз минбари мо истифода кунед. Аммо то рӯзи баста шудани телевизион танҳо намояндаҳои Ҳизби Сотсиал-Демократӣ ва Коммунистӣ ба мо муроҷиат карданд». Дар Конибодом телевизиони маҳаллии «Гули бодом» ягона расонаи электронӣ маҳсуб меёфт, ки аҳзобу номзадҳо метавонистанд барои тарғиби барномаҳои худ аз он истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG