Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навмедии аҳзоб аз баргузории интихоботи шаффоф


Раҳматулло Зойиров - раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон эълом кард, ки ба баргузории интихоботи шаффофу озод ва мунсифонаи Маҷлиси Намояндагон итминон надорад ва гуфт, агар дар оғози маъракаи интихоботӣ умед дошт, ки ҳадди ақал панҷоҳ фисад интихобот демократӣ доир хоҳад шуд, аммо дар ду ҳафтаи ахир амалкарди масъулини ҳавзаҳои интихоботӣ ва мақомоти маҳаллӣ ин рақамро ба сифр бурдааст.

Раҳматулло Зойиров дар як нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ гуфт, масъулини ҳавзаҳои интихоботӣ ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ хилофи меъёрҳои байналмилалӣ ва Қонуни интихоботи Тоҷикистон ҷараёни интихоботӣ ва махсусан маъракаи таблиғро ба суди ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ пеш бурданд. Вай гуфт, ҳам дар пойтахт ва ҳам дар манотиқи кишвар ва бахусус дар вилояти Суғд, ки Ҳизби Сотсиал-Демократ ҳаводори бештар дорад, мақомоти маҳалӣ бо истифода аз фишангҳои мухталиф номзадҳо ва афроди беэътимоди онҳоро таҳти фишор қарор додаанд. Ба гуфтаи ӯ, чунин муносибати масъулин дар ноҳияҳои ҷудогона боиси ихтилофоти шадид дар ҷомеа шудааст.

Ба гуфтаи Раҳматулло Зойиров, ин шеваи номуносиб бо аҳзоби мухолиф ва номзадҳои онҳо бо дастури раҳбарони ҳукуматҳо, ки умдатан узви Ҳизби Халқӣ-Демократии президент Раҳмонов мебошанд, сурат гирифтааст. Аммо Мӯсо Асозода - роҳбари дастгоҳи Ҳизби Халқӣ-Демократӣ иддаои лидери сотсиал-демократҳоро нодуруст хонд.

Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ таъкид кард, бо ин вуҷуд ки ҳукумат ба маъракаи интихобот мудохила карда ва ҳатто дар бархе аз навоҳӣ баргаҳои интихоботӣ ва протоколҳоро бар манфиати Ҳизби Халқӣ-Демократӣ омода кардааст, нирӯҳои сиёсии мухолиф такрори ҳаводиси даҳаи ахири қарни гузашта дар Тоҷикистонро роҳ нахоҳанд дод. Ҳамзамон афзуд вай, имкони такрори ҳамагуна муборизоти сиёсӣ ба мисли гирдиҳамоӣ аммо дар доираи қонун танҳо ба натоиҷи интихобот бастагӣ дорад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG