Як ҳайъати махсуси коршиносии вазорати ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба манзури баррасии сатҳи олудагии муҳит ба асари партовҳои корхонаи алюминсозии тоҷик таҳқиқот анҷом дода ва гузориши худро дар ин робита ба ҳукумати Тоҷикистон манзур кардааст.
Ин ҳайъат ба дунболи эътирози як гурӯҳ аз сокинони ноҳияҳои марзии Узбакистон, ки иддао доранд, партовҳои корхонаи алюминсозӣ, воқеъ дар минтақаи марзии Тоҷикистон бо он кишвар боиси олудагии муҳит ва сар задании бемориҳо шудааст, таъсис ва барои баррасии вазъ эъзом гашт.
Шамс Назаров, сардори раёсати идораи бозрасӣ ва ҳифзи атмосфераи Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳама иддао асоси илмӣ надорад ва натиҷаи санҷиш нишон додааст, ки партовҳои корхонаи алюминсозӣ ҳатто ду маротиба камтар аз меъёри мавҷуд будааст. Ӯ афзуд: «Партовҳои корхонаи алюминсозии тоҷик тахминан 22 500 тоннаро ташкил медиҳанд. Ин нисбат ба меъёр 1, 7 маротиба кам аст.»
Намояндаи идораи бозрасӣ ва ҳифзи атмосфераи Тоҷикистон мегӯяд: «Мувофиқи он муроҷиъатномае, ки гӯё аз номи сокинони вилояти Сурхондарёи Узбакистон ба мо расид, дар он аз ҷумла гирифтор шудани аҳолӣ ба бемориҳои эндокриниро ба таъсири корхонаи алюминсозӣ вобаста мекунанд. Ин асос надорад, зеро ин беморӣ бар асари камбуди йод дар намаки ош пайдо мешавад. Лекин ба ҳама маълум аст, ки нарасидани йод ба партовҳои корхона ягон умумияте надорад. Ё бемории анемия ё камхуниро мисол меоранд, ки он низ аз вайрон шудани таркиби ғизо ва камбуди худи ғизо пайдо мешавад ва ба партовҳо вобастагӣ надорад.»
Корхонаи алюминсозии Тоҷикистон бузургтарин корхонаи саноатии кишвар буда, як қисмати умдаи даромади буҷаи кишварро таъмин мекунад. Ин корхона дар соли 1975 бунёд шуда, тавоноии тавлиди 575 000 тонна алюмин дар солро дорад. Вале дар ҳоли ҳозир ин корхона бо тамоми иқтидораш фаъолият намекунад. Соли гузашта ҳаҷми тавлидоти ин корхона ҳудуди 360 000 тонна алюминро ташкил дода буд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
Тафсилоти ин мавзӯъ дар гӯшаи Муҳити Зист