Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Авиатор" - муддаии ҷоми Туркманбошӣ


Дастаи «Авиатор»-и Бобоҷон Ғафуров дар мусобиқоти футбол барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон дар шаҳри Ишқобод дар садри ҷадвали бозиҳои гурӯҳи «А» қарор дорад. Барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон баъди пирӯзӣ дар даври аввали мусобиқот бар «Небитчӣ»-и Балканобод - қаҳрамон ва барандаи Ҷоми футболи Туркманистон бо ҳисоби 5 бар 2, бозии даври дуввумро бо дастаи мунтахаби олимпии мизбонон бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом дод.
Ба ин тартиб, дар ҷадвали бозиҳои гурӯҳи «А» дар айни ҳол «Авиатор» бо чаҳор хол ҷойи аввалро ишғол мекунад. «Ворскла» ва «Небитчӣ», ки ҳар кадом сехолӣ доранд, аз рӯи таносуби тӯбҳо мутаносибан дар зинаҳои дуввуму севвум ҷойгир шудаанд. Ҳамин се даста муборизаро барои роҳ ёфтан ба бозии ниҳоӣ идома хоҳанд дод.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG